Багузории аксияи «Пиряхҳои худро ҳифз намоем» дар ноҳияи Б.Ғафуров

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров бо мақсади таъмини иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия ва намояндагони МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» дар МТМУ №1 ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳия аксияи «Пиряхҳои худро ҳифз намоем»-ро баргузор намуд. Дар аксияи мазкур беш аз 500 нафар омўзгорон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ризокорон бо либоси варзишӣ, ки дар он расми пирях бо навиштаҷот – номи аксия тасвир карда шудааст фаъолона иштирок намудаанд. Ҳамчунин, дар рафти аксия озмун байни хонандагони мактаб доир гардида, иштирокчиёни фаъол бо сипосномаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист қадрдонӣ карда шуданд.

 Назди бинои МТМУ №1, ҷойи баргузории чорабинӣ бо шиорҳо бо номи аксия оро дода шуд. Боиси қайд аст, ки аз рафти аксияи мазкур гузориши иттилоотӣ тариқи ШТР «СМ-1» пешкаши тамошобинон гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.