Назорати давлатии фаъолияти хоҷагиҳои моҳидорон дар вилояти Суғд

    Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, санаҳои 29-31 октябри соли равон фаъолияти хоҷагиҳои моҳидорони ҶСК «Моҳипарварии Гулистон» ва ҶСК «Моҳии Тоҷик» таҳлил оид ба муайян намудани намуд, андоза, ва вазни моҳӣ ба ҳар як олоти сайд гузаронида шуд.Дар натиҷаи гузаронидани амалиёт 16 адад санади назорати таҳлили сайди саноатии моҳӣ ва 8 адад санади азназаргузаронӣ тартиб дода шуд. Дар маҷмуъ, дар моҳи октябри соли ҷорӣ нисбати моҳидорони ду хоҷагии мазкур 6 адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 223 «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 40 адад санади азназаргузаронӣ тартиб дода шуд. Ҳамзамон дар байни моҳидорон оид ба қоидаҳои амалкунандаи сайди саноатии моҳӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ амалӣ гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.