«Конститутсия – таҷассумгари истиқлолияти давлат ва соҳибихтиёрии миллат аст»

Санаи 4 ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис бо иштироки мутахассисону кормандон доир гардид. Дар оғози маҷлис муовини сардори раёсат ба сухан баромада,  иброз намуд, ки дар зарфи 25 сол Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон ҳамчун таҷҷасумгари арзишҳои инсондўстиву сулҳпарварӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд рушду тавсеаи кишварро таъмин намуда, раванди давлатдории миллиро таҳким бахшид. Боиси ифтихору сарфарозист, ки ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносони сатҳи байналмилалӣ ва институтҳои ҳуқуқӣ яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст. Дигар баромадкунандагон низ оид ба арзиши баланди Қонуни асосии кишвар дар моҳияти сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихию анъанавӣ вамиллӣ зоҳир гардидани он суханронӣ намуданд. Дар рафти маҷлис ҳамчунин гуфта шуд, ки дардавоми 25 соли қабули Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари рӯ ба сӯи тараққӣ ниҳода нишондода, аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ баҳои баландро сазовор шуд.  Ҳар як моддаи он танҳо ба хотири беҳбудии шаҳрвандон равона шудааст.

     Дар интиҳо моддаҳои 13 ва 44-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан қайд гардид, ки ин кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоятро ба пурзўр намудани фаъолият баҳри беҳдошт ва нигаҳдории муҳити зисти кишварамон водор месозад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.