Бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Сайёҳӣ тайи солҳои охир дар кишвар бамаротиб рушд ёфта, маҳз бо ташаббус ва роҳандозии барномаҳои мушаххаси Ҳукумати кишвар сайёҳӣ аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Бино ба иттилооти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов яке аз мавзеҳои куҳану таърихӣ қалъаи «Хитойреза», воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷ.Расулов воқеъ буда, асрҳои 18-19 сохта шудааст. Қалъа аз даҳ манора иборат буда, диаметри он аз 4,8 то 6,5 метр ва баландиаш то 5 метр буда майдони умумии он 4 гектарро ташкил медиҳад. Масофаи байни манораҳо 9,5 метрро буда, деворҳои қалъа аз 7 қабат похса (лой) бардошта шудааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки дар дохили қалъа ҷои махсус барои мудофиа, машқгоҳ, манзилҳо, масҷид, устохонаҳо ва дӯконҳои тиҷоратӣ  мавҷуд будаанд.

     Дар солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади нигоҳдории мавзеҳои таърихиву қадима аз ҷониби сохторҳои  дахлдор таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.