Амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Мувофиқи нақшаи кории раёсат дар якҷоягӣ бо БДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади назорати давлатӣ ва кам намудани партови моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар давоми моҳи ноябри соли равон 2 маротиба амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Бўстон ва шоҳроҳи Хуҷанд - Ғафуров гузаронида шуд. Ҳангоми баргузории амалиёти мазкур санҷиши партовҳои моддаҳои зарарнок аз 55 адад воситаи нақлиёти тамғаашон гуногун гузаронида, дар натиҷа нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиётӣ, ки ихроҷи моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намуда, меъёри стандартҳои давлатиро вайрон кардаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

     Ҳамзамон протоколҳои мазкур барои чораандешӣ ба шуъбаи БДА-и шаҳри Бустон ва ноҳияи Б.Ғафуров ирсол гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.