Натиҷагирии Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ

     Санаи 3 декабри соли равон ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли 2019, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо – раисони комиссия дар маҳал, сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо – котибони комиссияҳои маҳаллӣ ва шахсони масъул аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят иштирок доштанд. Дар ҷаласа фаъолияти комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ бобати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.04.2015, №178 «Дар бораи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда баррасӣ гардид.

    Дар рафти ҷаласа ҳисоботи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист ҳамчун котиби комиссияи вилоятӣ шунида шуд. Дар муҳокима аз намояндагони сохторҳои ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур вобастагардида, аз ҷумла маориф, оид ба ҳуқуқи кўдак, кор бо занон ва оила, фарҳанг ва раисони комиссияҳои байниидоравии шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал омад. Дар интиҳо, барои такон бахшидани раванди иҷрои амр ва қарори Раиси вилоят, ҳарчӣ зудтар ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта ва андешидани чораҳои таъхирнопазир аз тарафи муовини Раиси вилоят, раиси Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ Каримзода Р.Р. вазифаҳои  мушаххас  дода  шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.