Татбиқи Барномаи маърифати экологӣ дар муассисаҳои таълимӣ

Дар асоси нақшаи кории бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истиқлол, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 1  ш.Истиқлол вохурӣ бо муҳассилини синфҳои болоӣ баргузор гардид. Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр Ғозиев А. доир ба тарбия ва маърифати экологии наврасон, саҳми хонандагон дар тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист ва иштироки фаъолонаи онҳо дар аксияҳои экологӣ, дар мавзуҳои актуалии имрӯза - тағйирёбии иқлим, нигаҳдорӣ ва ҳифзи пиряхҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба муҳити зист вобастагии зич доранд, баромад намуд. Ҳамзамон омӯзгори фанни экологияи муассисаи таълимӣ  барои ташкил ва гузаронидани  вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, баҳри бештар ҷалб намудани насли наврас ба масъалаҳои экологӣ барои ташкили ҳаракати “Патрули сабз”  пешниҳод дод.

     Хонандагон низ ба суолҳои худ оиди ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист, ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои обӣ ҷавобҳои муфассал  гирифтанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.