«Тарбияи экологӣ - омили муҳим»

Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят тибқи нақшаи  кории бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо вохуриву корҳои фаҳмонидадиҳӣ, баҳри баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас  идома дорад. Санаи 3 декабри соли равон бо иштироки мутахассиси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 1 соати экологӣ таҳти унвони “Тарбияи экологӣ - омили муҳим” гузаронида шуд. Ба хонандагон дар самти омӯзиши табиати нотакрори диёр, бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ҳифз ва самаранок исти- фодабарии захираҳои обӣ, фаъолона иштирок намудан  дар аксияҳои экологӣ ва саҳм гузоштан дар беҳбудии муҳити зист баромад пешкаш гардид.

     Баргузории чунин вохуриву соатҳои экологӣ дар дигар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо низ то таътили зимистона идома меёбад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.