Тибқи нақшаи пешбинигардида нозирони давлатии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо мақсади назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» дар ҳудуди ноҳияҳои Спитамен ва Ҷ.Расулов, ки дар минтақаҳои атрофи ҳавзаи дарёи Сир эҳтимоли ба амал омадани шикори ғайриқонунии ҳайвонот ва сайди моҳӣ, инчунин буриши ғайриқонунии дарахт ҷой дорад амалиёти фаврӣ гузарониданд. Ҳангоми амалиётҳои назоратӣ ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен ва ҷамоати деҳоти Деҳмои ноҳияи Ҷ.Расулов фаро гирифта, ҳуҷҷатҳои ҳамаи шикорчиёни дар минтақаҳои мазкур мавчуд буда аз назар гузаронида шуд.
Бо сабаби сард будани ҳаво ва ях бастани қисми соҳилии дарёи Сир сайди ғайриқонунии моҳӣ ошкор нагардид. Баҳри баланд бардоштани маърифати экологии шикорчиён ва пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ бо онҳо оид ба риояи талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дигар коидаҳо аз ҷониби мутахассисони шуъбаи раёсат корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
- Кликните, чтобы открыть изображение! Кликните, чтобы открыть изображение!

https://ecosugd.tj/en/news/764-amaliyoti-shikor-spitamen12021.html#sigProGalleriab9de820037