Маъракаи кабудизоркунӣ дар шаҳри Гулистон

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади гузаронидани корҳои кабудизоркунию ободонӣ дар шаҳри Гулистон ҳашари умумишаҳрӣ, аз он ҷумла маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар он кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муассисаҳои хоҷагии коммуналӣ, корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуда, тариқи ҳашар минтақаҳои назди ҶСК «Колинҳои Қайроққум», шафати роҳи назди боғ ва ҳудуди худи боғи Ғалаба, осоишгоҳ ва дигар кӯчаҳои маркази шаҳр аз партовҳои пластикӣ, алафи хушк ва хор тоза гардида, дар натиҷа 12 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд.

     Ҳамзамон, дар рафти ҳашар 1000 бех ниҳоли дарахти мевадиҳандаи олуча дар масофаи зиёда аз 1 километр қадди роҳ ва болотар аз соҳили обанбори «Баҳри Тоҷик» шинонида шуд. Дар маҷмуъ, дар чорабинии мазкур беш аз 400 нафар намояндагони коргоҳҳо ва 200 нафар омўзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр фаъолона иштирок намуданд. Дар давоми мавсими кабудизоркунию ободонӣ шинонидани ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ, гулҳои мавсимӣ дар боғи Ғалаба ва дигар минтақаҳо шаҳр пешбинӣ гардидааст.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/765-shanbegiguliston012021.html#sigProGalleriae3de3e4624
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.