Дар доираи корҳои ободониву хуррамгардонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии “Тоҷикистон”-и ноҳияи Масчоҳ бо иштироки Раиси вилояти Суғд ва кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, 450 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд. Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ барои ин маърака 200 бех ниҳоли ардачро харидорӣ намуд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида оид ба ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист дар ноҳия беш аз 283 ҳазор бех ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз, мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳо шинонида мешавад.
Add comment