Мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо мақсади татбиқи назорати давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин тибқи нақшаи корӣ тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Бобати назорати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2018, №374 «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» нақшаи чорабиниҳои ҳамҷояи бахши ҳифзи муҳити зист ва идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳияи Зафаробод амалӣ гардида, бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин 20,4 км заҳбуру заҳкаш тоза карда шуд.
Дар натиҷа ба масоҳати майдони 214 гектар ҳолати мелиоративи заминҳои ҷамоати шаҳраки Зафаробод - Ассосиатсияи истифодабарандагони оби «Зафар», ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев – Ассосиатсияи истифодабарандагони оби «Канз» ва ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод – Ассосиатсияи истифодабарандагони оби Н.Абдуллоев беҳтар карда шуд. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки барои иҷрои корҳои мазкур аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва маблағҳои идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳия, дар маҷмуъ 129,4 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст.