Октябрь 2025
21 Октябрь 2025
Аксияҳои умумивилоятии “Тозагии маҳал”, “Тозагии шоҳроҳ” ва “Тозагии соҳил”
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоташон 17 сентябри соли ҷорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист баён доштанд, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологӣ, таъмин намудани вазъи экологии мусоиди муҳити зист, дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тоза нигоҳ доштани манбаҳои об, шоҳроҳҳо, маҳалли зист аз ҳар гуна партовҳо, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳудуди вилоят аксияҳои “Тозагии маҳал”,“Тозагии шоҳроҳ” ва “Тозагии соҳил” ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксия сокинони шаҳру ноҳияҳо, аҳолии ҷамоату деҳот, кормандони ташкилоту муассисаҳо ҳамагӣ 6320 нафар фаъолона иштирок намуда, ҳаҷми партовҳои баровардашуда 141 м3, масофаи тозакардашуда 22 800 м2 ташкил дод. Дар доираи баргузории аксияҳои экологӣ дар шаҳри Исфара 2 ҳолат, ш.Истаравшан, ш.Хуҷанд партовҳои бесоҳиб бо ҷалби техникаҳои коммуналӣ ва борбардор бартараф карда шуд. Рафти аксияҳо тариқи телевизионҳои ҷумҳуриявии Тоҷикистон, Сафина ва Синамо ба навор гирифта шуд.
17 Октябрь 2025
Семинари ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ дар МД маҷмааи фарҳангӣ – таърихии «Қалъаи Хуҷанд»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Экосистемаҳои Осиёи Марказӣ, аз кӯҳҳо то заминҳои лалмӣ, дар зери таҳдиди амалҳои ноустувори истифодаи замин ва таъсири афзояндаи иқлим қарор доранд. Соҳаҳои кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва дигар намуди истифодабарии замин бо мушкилоти рӯзафзун, аз ҷумла шароити номусоиди обу ҳаво, обшавии пиряхҳо ва таназзули замин рӯбарӯ мешаванд, ки ҳамаи онҳо ба ҳосилнокӣ, амнияти озуқаворӣ ва воситаҳои зиндагии деҳот халал мерасонанд. Манзараҳои муштараки фаромарзии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ниёз ба вокунишҳои ҳамоҳанг ва фаромарзӣ доранд. Дар ҷавоб ба ин мушкилотҳои муштарак, пешнависи лоиҳаи минтақавӣ оид ба «Манзараҳои ба иқлим тобовар дар Осиёи Марказӣ» дар ҳамкорӣ бо шарикони миллии ин се кишвар таҳия карда шуд. Он ба тақвияти ҳамкории минтақавӣ, баланд бардоштани иқтидор ва татбиқи низомҳои ҳамгирошудаи истифодаи замин, ки ба тағйирёбии иқлим устуворанд, равона шудааст. Дар ин замина, баргузории семинари ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун мақоми ваколатдори миллии Фонди иқлими сабз дар кишвар ва ташккилоти GIZ бо мақсади таъмини ҳамгироии афзалиятҳои миллӣ ва воқеиятҳои маҳаллӣ дар банақшагирии лоиҳа пешбинӣ гардида, диққати асосӣ бахусус ба вилоятҳои Суғду Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла водии Фарғонаи вилояти Суғд ва минтақаҳои вилояти Хатлон, ки бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳаммарз мебошанд, равона шудааст.
«Форуми сеюми ҷавонон оид ба ҳавзаи дарёи Сир» дар шаҳри Гулистон баргузор гардид
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади баланд бардоштани иштироки ҷавонон дар масъалаҳои идоракунии комплексии захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист, дар Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон «Форуми сеюми ҷавонон оид ба ҳавзаи дарёи Сир» бо дастгирии шарикони рушд, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва мусоидати Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Раёсати маорифи вилоят, Маркази таҳсилоти иловагӣ ва Идоракунии захираҳои оби минтақаҳои ҳавзаи Сирдарё баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории форум ин фароҳам овардани имконият барои аҳолӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар беҳтар кардани дастрасӣ ба об ва коҳиши хатарҳои обӣ тавассути чорабиниҳои таълимӣ ва амалии экологӣ мебошад. Аҳамияти чорабинӣ дар муттаҳид сохтани ҷавонон барои ҳамкорӣ дар соҳаи рушди устувор ва беҳтарсозии вазъи экологӣ дар ҳавзаи дарёи Сир ифода меёбад.
16 Октябрь 2025
Амалиёти назоратӣ дар самти ҳифзи манбаъҳои обӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Тибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҳангоми гузаронидани амалиёти назорати давлатӣ мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, дар соҳилҳои дарёи Сир ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров ифлос намудани соҳили манбаъҳои обӣ бо партовҳоро аз тарафи сокинони ноҳия -ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашонӣ Нуруллоев К. ва дигарон ошкор намуданд. Дар натиҷа нисбати конуншиканон барои ифлос намудани соҳили манбаъҳои обӣ бо дастрасии моддаи 177 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Шаҳрвандони азиз!
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Агар шумо ронандагонеро мушоҳида намоед, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз дохили нақлиёт партовҳоро ба канори роҳ мепартоянд - лутфан, бо телефони мобилии худ акс гирифта, онро тавассути Telegram ё WhatsApp ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо рақами +992 (99) 666-96-99 ирсол намоед. Аз ҳамаи ронандагон ва мусофирони нақлиётҳо даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳангоми сафар талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зистро риоя намоед. Зеро тибқи талаботи моддаи 232 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҳамлу нақл, ҷойгиркунӣ, истифода, нест кардан (гӯронидан)-и партовҳои саноатию маишӣ ва дигар партовҳо ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст, ки барои риоя накардани талаботи мазкур қонунгузорӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 375 то 750 сомонӣ, ба шахсони мансабдор аз 1125 то 1500 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст. Ҳар як амал муҳим аст! Бо масъулияти шаҳрвандӣ барои тозагии муҳити зисти худ саҳмгузор бошем!
Ба сӯзиши хазон роҳ надиҳед!
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Сўзонидани партов ва баргҳои дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳо, майдону боғҳо ва гулгашту боғҳои фарҳангу фароғатӣ қатъиян манъ аст. Фасли тирамоҳ дар баробари фасли заррин будан, боз мушкилотҳоеро ба миён меорад, ки кормандони соҳаи коммуналӣ барои халосӣ аз он танҳо як “усул” -ро ба кор мебаранд, ки ин сўзиши хазон мебошад. Мутобиқ ба таҳлилҳои мутахассисони соҳаи муҳити зист роҳ додан ба сўзонидани партов боиси хурӯҷи касалиҳои диққи нафас гардида, нороҳатии шаҳрвандонро ба миён меорад. Таъкид менамоем, ки дар қатори дигар партовҳои аз рӯзгор ҳосилшаванда барги хазоншуда низ ба партов табдил меёбад ва дар бисёр ҳолатҳо барои аз партовҳо раҳоӣ ёфтан кормандони соҳаи коммуналӣ ва дигар шахсони вобаста шуда, ба оташ задани барги хазонгашта даст мезананд. Бехабар аз он ҳастанд, ки дар натиҷаи сӯхтани ин гуна мавод ба ҳавои атмосфера моддаҳое ба саломатии мавҷудоти зинда зарраррасон, ба монанди дуда, оксиди карбон, ангидриди олтингӯгирд, оксидҳои нитроген ва диоксинҳою фуран, ки ба гурӯҳи моддаҳои устувори органикӣ шомил мебошанд, ихроҷ гардида аввал ба роҳи нафаси одамон, баъдан бо бӯи ғализ ва дудаи худ дохили ҳуҷраҳои биноҳо шуда, ба муҳити атроф ва сипас ба ҳавои атмсофера дохил гардида, оқибат ба раванди метеорологӣ ҳангоми боришоти атмосферӣ бо оби борон ҳамроҳ гардида, ҳангоми ба замин рехтан ба таркиби хок дохил шуда, хокистартӯдааш ба воситаи оби ё боришот ҷаббида гардида, ҳамчун маҳлули ишқорӣ ба манбаъҳои обӣ ҷорӣ мегардад.
14 Октябрь 2025
Амалиёти назоратӣ дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Ҳангоми гузаронидани амалиёти назорати давлатӣ мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан сӯзонидани партов ва алафҳои хушкшударо дар қадди роҳ аз тарафи П.Т. сокини шаҳр ошкор намуданд, ки дар натиҷа дуди ғализи он ба муҳити атроф паҳн шуда, ҳавои атмосфераро вайрон кардааст. Нисбати қонуншикан бо моддаи 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера" ва моддаи 231-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмури тартиб дода шуд, ки ҷаримаи он аз 5 то 10 нишондиҳанда пешбинӣ гардидааст.
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Баҳри тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист ва беҳтар намудани ҳолати экологӣ бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан дар шоҳроҳи Душанбе Чаноқ минтақаи деҳаи Қалъачаи араб дар 4 нуқта партовҳои бесоҳиб тариқи ду техникаи калонҳаҷм ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуд. Рафти корҳо тариқи телевизион ба навор гирифта шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.
Амалиёти назоратӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назорати давлатӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ аз тарафи кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар минтақаи Сартуқай воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафуров, ҳолати риоя накардани қоидаҳои моҳидорӣ ошкор карда шуд. Дар натиҷа нисбати 3 нафар қонуншиканон дар ҷояш протоколҳои ҳуқуқвайронунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Телефони боварии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд фаъол шуд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар беҳбудии муҳити зист, пешгирии қонунвайронкуниҳои экологӣ, аз ҷумла, партофтани партовҳои маишӣ, бе иҷозат буридани дарахтон, сӯзонидани партову барги дарахтон ва дигар ҳолатҳои вайронкунии талаботҳои қонунҳои амалкунандаи ҳифзи муҳити зист сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд барои қабули муроҷиати шаҳрвандон телефони бовариро ташкил намудааст. Телефони боварӣ шабонарўзӣ фаъол буда, ҳар як сокини вилоят метавонад оид ба ҳама гуна нақзи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба қабулгоҳи ҷамъиятии экологӣ тариқи мессенҷерҳои вотсап ва телеграмм хабар расонад. Сарраёсат он шаҳрвандонеро, ки фаъолнокиро нишон медиҳанд ҳар семоҳа натиҷабардорӣ намуда бо туҳфа қадрдонӣ менамояд.