15 Август 2026
Насби баннерҳои таблиғотии экологӣ дар шаҳри Конибодом
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
о мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ташаккули фарҳанги муносибат ба муҳити зист ва пешгирии ифлосшавии минтақаҳои аҳолинишин аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом корҳои таблиғотӣ ба роҳ монда шудааст. Дар доираи ин тадбирҳо дар роҳҳои даромад ва баромад аз ш.Конибодом (аз сарҳади Ўзбекистон) деҳаҳои Патар ва Равот лавҳаҳои таблиғотии экологӣ насб гардида, тавассути онҳо аҳолӣ ва меҳмонони шаҳр ба риояи тозагӣ, пешгирии партофтани партовҳо дар роҳҳои протоколӣ ва шоҳроҳҳо даъват карда мешаванд. Ҳамчунин, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тарғиби арзишҳои миллӣ, ободонӣ ва ҳифзи муҳити зист, дар бинои бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом баннери ташвиқотӣ насб гардид. Тадбирҳои мазкур ба баланд бардоштани маърифати экологӣ, ташаккули ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва ҷалби ҷомеа ба ҳифзи табиат, тозагӣ ва ободонии муҳити зист равона гардидаанд.
Амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Панҷакент
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
А
малиёти экологии “Ҳавои тоза” тибқи нақшаи мақомоти ҳифзи муҳити зист дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад. Дар асоси нақшаи кории шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент дар деҳаи Нуристон ҷамоати Чинор шоҳроҳи Панҷакент – Айнӣ амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 40 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 8 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА шаҳр ирсол гардид.


