Все статьи
08 Апрель 2024
Боздиди Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. аз ниҳолхонаи бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
аҳри таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сабзу хуррамгардонии муҳити зист дар ҷараёни сафари корӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А., муовини якуми раиси ноҳия Мавлонқулзода Р. ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. аз ниҳолхонаи бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон дидан намуданд. Зимни боздид Раиси Кумита Шерализода Б.А. ба масъулон ҷиҳати тез афзоиш ёфтани ниҳолҳо барои ба ҷои дигар шинонидани онҳо, ташкил намудани ниҳолхонаи дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳандаи маҳаллӣ мутобиқ ба шароитҳои иқлим, риояи ҳатмии қоидаҳои агротехникӣ ҳангоми шинонидан ва парвариши ниҳолҳо дастуру супоришҳо дод.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи якуми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Д
ар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х., сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва сармутахассисон, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо доир гардид. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Ҳамчунин оид ба беҳтар намудани фаъолияти нозирӣ, иҷроиши босифат ва саривақтии нақшаи чорабиниҳо, барномаҳои соҳавию давлатӣ ва дигар аснодҳои назоратӣ супоришҳо дод. Дар интиҳои ҷаласа роҳбарияти Сарраёсат мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан Махсумов Муҳаммадиро барои расидан ба синни нафақа бо тантана муборакбод намуданд.
05 Апрель 2024
Дар ноҳияи Масчоҳ беш аз 4000 бех ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
о мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сабзу хуррамгардонии муҳити зист бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар бӯстонсарои ҳукумати ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ба ноҳия беш аз 4000 бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан ва мевадиҳанда харидорӣ гардида, қисмате аз онҳо дар бӯстонсарои ҳукумати ноҳия ва қисмати дигар дар гулгашту хиёбонҳои маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон шинонида мешаванд. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни маъракаи ниҳолшинонӣ иброз дошт, ки ин иқдом аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи сиёсати экологӣ, таъмини рушди иқтисоди сабз, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиш додани газҳои гулхонаӣ ва таъмини сартосарии амнияти экологии аҳолӣ сарчашма мегирад. Ҳамчунин барои дуруст ба роҳ мондани парвариши ниҳолҳо ва истеҳсоли мевагиҳо, инчунин тозаву озоди нигоҳ доштани муҳити зист аз партовҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.
01 Апрель 2024
Сайди моҳӣ манъ аст
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Т
ибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.03.2024 с. таҳти № 36 ва фармоиши сардори Сарраёсат «Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2024», дар асоси моддаҳои 6 ва 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 8 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», моддаҳои 6, 10 ва 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», моддаҳои 4 ва 17-и «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидорӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароит ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ аз санаи 1 апрел то 15 июни соли 2024 сайди моҳӣ дар обанборҳои вилоят аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ манъ карда шудааст.Телефони боварӣ: (83422) 6–59–81, 6–03-95
22 Март 2024
Таҷлили ботантанаи Иди Наврӯз дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
К
ормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд иди Наврӯзи байналмилалиро ботантана бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Бо суханони табрикотӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол қайд намуд ,ки бо ташаббусу иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва 14 сол мешавад, ки ин ҷашни бедории табиат дар кишварҳои мухталифи сайёра ҳамчун иди байналмилалӣ қайд карда мешавад. Наврӯз таърих ва арзишҳои дурахшони тамаддунҳои башарист, ки дар тӯли қарнҳо арзишҳои инсониро дар худ нигоҳ доштааст. Бо омадани Наврӯз маъракаи ниҳолшинонивукабудизоркунӣ дар саросари кишвар ранги тоза гирифта, аз ҷониби ҳамватанонамон дастгирии ҳамаҷониба пайдо намудааст.
21 Март 2024
Аёдати собиқадорони соҳа бахшида ба Иди байналмилалии Навруз
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Т
ибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати собиқадорони соҳа дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ба ҳукми анъана даромадааст. Бо чунин мақсад бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯзаз муовини сардори Сарраёсат Каримзода Фарҳод собиқадорони мақомоти ҳифзи муҳити зист Султонов А.А., Каримов Г.Н., Кузиев Т.-ро аёдат намуда, ба онҳо кӯмаки моддию молиявӣ расонида шуд. Чунин иқдомҳои наҷиб аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист дар иду ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ мунтазам роҳандозӣ мегардад.
20 Март 2024
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Ф
арорасии иди Наврӯзи байналмилалии фархундапайро, ки баёнгари ҷаҳони маънавӣ, эҳсоси ватандорӣ ва сарчашмаи созандагии ниёгон ва аҳли диёр аст, ба ҳамаи ҳамкасбон ва дӯстдорони табиат самимона табрику таҳният мегӯям. Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббусу иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯбаи «тамаддуни ҷаҳонӣ» аз 23 феврали соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва инак 14 сол мешавад, ки ин ҷашни бедории табиат дар кишварҳои мухталифи сайёра ҳамчун иди байналмилалӣ қайд карда мешавад. Имрӯз беш аз 300 миллион нафар одамон Наврӯзро дар саросари ҷаҳон ҳамасола чун иди эҳёи табиат қайд мекунанд. Наврӯз таърих ва арзишҳои дурахшони тамаддунҳои башарист, ки дар тӯли қарнҳо арзишҳои инсониро дар худ нигоҳ доштааст.
16 Март 2024
Барномаи телевизионӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2024 – «Соли маърифати ҳуқуқӣ»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Т
ибқи нақшаи иштирок ва баромади аъзои Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони вилоят ва дигар сохтору мақомотҳои давлатӣ барои соли 2024 тавассути телевизиони вилояти Суғд, дар барномаи «Гуфтугӯи мустақим» 2 нафар сардорони шуъба ва 2 нафар сармутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят иштирок намуданд. Барнома дар мавзӯи «Вазъи экологии вилоят ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ» ба эълон гардидани соли 2024 – «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бахшида шуд. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки ташкили чунин барномаҳо барои рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифатиэкологииаҳолӣсаҳми назаррас доранд.
12 Март 2024
Баргузории вохӯриҳо баҳри баланд бардоштани маърифати экологии хонандагони муассисаҳои таълимӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
о мақсади таъмини иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» бо хонандагону омӯзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар 6 муассисаҳои таълимии шаҳри Истиқлол ва дар 4 муассисаҳои таълимии ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров вохӯриҳо ташкил гардид. Боиси қайд аст, ки оғоз аз соли 2022 бо аъзоёни раванди «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таълимии мазкур ҳамкории мунтазам дар доираи амалигардонии Барномаи давлатӣ ба миён омада, як қатор чорабиниҳои гуногуни ба баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологӣ нигаронида гузаронида шудааст.
Табрикоти бонувони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба 8 март – Рўзи Модар
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
ахшида ба 8 март - Рўзи Модар дар толори маҷлисгоҳи сарраёсат маҷлиси тантанавӣ бо иштироки собиқадорони соҳа ва кормандон баргузор гардид. Сардори сарраёсат Холзода Суҳроб бо суханони табрикотӣ қайд намуд, ки ин санаи муқаддас бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири эҳёи яке аз қадимтарин ҷашнвораҳои миллати мо ва гиромидошти занону модарон ба расмият даромада, рисолати ҷомеаро дар муносибат ба эҳтироми модарону хоҳарони арҷманд баланд бардошта, гувоҳи эътибору манзалати волои бонувон дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон гаштааст. Ҳамзамон рафти маҷлис доир ба рисолати зан - модар, мавқеи фаъоли зан дар ҷомеа ва дастгирии доимии ташаббусҳои занону бонувон аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ таъкид гардид. Дар интиҳо сардори Сарраёсат Холзода Сӯҳроб ба собиқадорони соҳа ва бонувони мақомоти ҳифзи муҳити зист, ки дар пешрафти соҳа фаъолият мебаранд, туҳфаҳои хотиравӣ супорид.


