Баҳри муҳофизат ва нигаҳдории захираҳои моҳӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва ҷиҳати пешбурди масъалаҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ, кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо, ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба афзоиши табиии моҳӣ , иҷрои талаботи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2022, № 38 «Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022» ва фармоиши сардори сарраёсат аз 1 апрели соли 2022, № 22 «Дар бораи амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022», нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷ.Расулов амалиёти фаврии шабонарӯзӣ гузарониданд.
Яке аз минтақаҳои хавфнок аз ҷиҳати моҳидории ғайриқонунӣ дар соҳили дарёи Сир, ин минтақаи Туқаи ҷамоати деҳоти Деҳмой ба шумор рафта, аксарият амалиёти фаврӣ мунтазам маҳз дар минтақаи мазкур гузаронида мешаванд. Дар натиҷаи баргузории чунин амалиёти навбатӣ 4 адад тӯри худсози моҳигирии бесоҳиб дарёфт ва ба анбори бахш оварда шуда, як сар моҳии тухмдоштаи аз тӯр озод гардида ба дарё сар дода шуд.