Бо мақсади ҳифз ва нигоҳдории олами ҳайвонот, тибқи нақшаи корӣ ва фармоиши сардори сарраёсат таҳти № 17 аз 11.03.2022 «Оид ба гузаронидани амалиётҳои шабонарӯзӣ баҳри ҳифзи олами ҳайвонот» аз тарафи нозирони шуъбаи ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят дар минтақаи пойгоҳи обкашии «Маҳрам - 0» соҳили обанбори Баҳри Тоҷик ҳангоми ғайриқонунӣ доштани паррандаҳои хушхони саъба бо истифодаи қафас сокини ш.Конибодом - Олимов Б. боздошт гардид. Нисбати қонуншикан протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои маъмурӣ ба бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом фиристода шуд. Паррандаҳои саъба ба муҳити табиӣ сар дода шуданд.
Добавить комментарий