Ҳамасола санаи 15 – апрелро дўстдорони табиат чун Рўзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ таҷлил менамоянд. Ин иқдом соли 1992, зимни баргузории Конфронси СММ дар шаҳри Рио-де-Жанейро, ки масъалаҳои доғи рушди устувори аҳли башар муҳокима мегардид, ба ҳукми анъана даромад. Тарбия ва маърифати экологӣ – фаъолият доир ба ташаккули маданияти экологӣ, муносибати эҳтиёткорона ба муҳити зист ва таъмини донишҳои экологӣ мебошад. Ҳадафи асосии таҷлили ин рӯз - пешбурди донишҳои экологӣ, ташаккули маърифати экологии аҳолӣ, бохабар намудани ҷомеа оид ба муаммоҳо, амният ва ҳолати экологӣ, ҳамчунин тарбия намудани ҳар фарде, ки барояш беҳдошти муҳити зист бетавофут нест. Муҳим будани дониши экологӣ дар замони муосир яке аз ҷабҳаҳои муҳим дар таълим ва тарбия маҳсуб меёбад. Зеро фаъолият дар пеш бурдани маърифати экологии аҳолӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбати муҳити зист – ин кафолати ояндаи солим барои инсон мебошад. Яке аз вазифаҳои муҳими амалисозии сиёсати давлатӣ ин тарбияи маърифати экологӣ ба ҳисоб меравад.
Бо ин мақсад ҳамасола байни кормандони воситаҳои ахбори омма ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва намояндагони васоити ахбори омма оид ба мавзўъҳои экологӣ озмунҳо эълон гардида, ғолибон аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист қадрдонӣ мегарданд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ду Барномаи давлатӣ, ки ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст амалӣ гардид. Айни замон «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар ҳолати тасдиқшавӣ мебошад, ки минбаъд ҷиҳати боз ҳам такмил ёфтани савияи дониш ва маърифати экологии табақаҳои гуногуни ҷомеа мусоидат хоҳад кард. Бояд зикр намуд, ки таҷлили Рӯзи донишҳои экологӣ на танҳо барои шахсоне, ки бо омӯзиши маърифатӣ экологӣ машғуланд мансуб аст, балки ба ҳамаи шаҳрвандон тааллуқ дорад, зеро беҳдошти муҳити зист - ояндаи солимии ҷомеа мебошад. Имрӯз талқин ва роҳандозӣ намудани маданияти экологӣ ин таъмини ҳаёти солими фардои насли оянда! Ҳар қадар аҳолӣ аз лиҳози экологӣ маърифатманд гардад, ҳамон қадар ҷомеа бурд хоҳад карду муҳити мо ободу зебо хоҳад гашт.