Тибқи банди 1 фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2022, № 38 «Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022» дар тамоми дарёҳо, обанборҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрел то 1 июни соли 2022 дар давраи тухмгузории моҳиҳо тамоми намудҳои моҳидорӣ манъ карда шудааст. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба афзоиши табиии захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли ҷорӣ аз ҷониби нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон, соҳили обанбори Баҳри Тоҷик амалиёти фаврии шабонарӯзӣ гузаронида шуда, ду ҳолати вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ ошкор гардидааст. Барои роҳ додан ба қонунвайронкунӣ нисбати ду нафар сокинони ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Б.Ғафуров Ҳалимов Абдуҷамил ва Одилов Абдурашид бо дастрасии моддаи 223-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, пас аз баррасӣ ҷаримабандӣ амалӣ мегардад. Дар рафти амалиёти фаврӣ ҳамчунин, як адад шасти моҳидории бесоҳиб дарёфт ва ба анбори бахш оварда шудааст. Дар баробари ин, ҷиҳати минбаъд пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ дар давраи тухмгузории моҳиҳо корҳои фаҳмонидадиҳӣ байни моҳидорони ҳаваскор доир гардидааст.
Амалиёти назоратӣ дар давраи тухмгузории моҳӣ дар шаҳри Гулистон
Добавить комментарий