Вохӯрии гурӯҳи кории ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров бо аъзоёни «Клуби экологӣ»-и донишкада

  Бо мақсади таҳкими ҳамкории гурӯҳикории ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуровва аъзоёни «Клуби экологӣ»-и кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои бехатарии экологӣ дар толори донишкада вохӯрӣ баргузор гардид. Соли дуюм аст, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» таъсиси гурӯҳи корӣҷиҳати таъмини ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ дар ҷамоати деҳоти мазкур амалӣ гардида, то айни ҳол як қатор чорабинӣ ва вохӯриҳо гузаронида шуданд. Бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» гузаронидани вохӯрии навбатӣ дар донишкада дар он буд, ки аз як тараф шиносоӣ ва ҳамкорӣ пайдо намудани гурӯҳикорииҷамоати деҳоти Ғозиён бо «Клуби экологӣ»-иДонишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, аз дигар тараф ҷалби донишҷӯён, аъзоёни «Клуби экологӣ» ба масъалаҳои экологии ҷамоати деҳот ва ноҳия, ки дар навбати худ барои баланд бардоштани донишу маърифати экологии онҳо саҳм мегузорад.

  Пас аз суханҳои ифтитоҳии ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, профессор, доктори илмҳои иқтисодӣ Маҳмадалӣ Б.Н., аз ҷониби баромадкунандагон, аз ҷумла сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда», роҳбар ва корманди ТҶ «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», мудири кафедраи экология ва дигар олимони донишкада доир ба мавзӯҳои дар барномаи вохӯрӣ пешбинигардида, презентатсия ва баромадҳо ба иштирокдорон пешниҳод карда шуд. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои ҷалби ҷавонон ва аҳолӣ ба раванди татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» саҳми назаррас доранд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.