Бо мақсади муайян намудани сатҳи дониши аҳолӣ нисбат ба масъалаҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва муайян намудани сатҳи фарҳанги экологӣ пурсиши сотсиологӣ гузаронида шуд. Барои гузаронидани пурсиш Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд интихоб гардида, моњи феврали соли 2023 бо ташаббуси сарраёсат дар толори марказ бо муовинон ва масъулини равияи «Табиатдӯстон»-и муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят семинари омӯзишӣ ташкил ва баргузор гардида буд, ки дар рафти он оид ба дуруст таҳия намудани ҳисоботи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва гузаронидани пурсиши сотсиологӣ корҳои фаҳмонидадиҳию омӯзишӣ амалӣ гардид. Дар натиҷа байни омӯзгорони Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Гулистон, Бӯстон (ҷ/ш Палос), Б.Ғафуров, Мастчоҳ, Шаҳристон, Ашт ва Спитамен пурсиши сотсиологӣ гузаронида шуд.
Дар пурсиши мазкур, дар маҷмӯъ 164 нафар фаро гирифта шуда, аз он 27 нафар зан ва 137 нафарро мардњо ташкил намуданд. Аз ҷиҳати синну сол, аз 18 то 35 сола – 72 нафар, аз 35 то 50 сола – 92 нафар мебошанд. Ғайр аз Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ҷиҳати гузаронидани пурсиши сотсиологӣ ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» идома ёфта, аз ҷониби ташкилоти мазкур тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин самт корбарӣ карда шуд. Дар ин ҷо бояд қайд намоем, ки пурсиши сотсиологӣ бо тарзи ҷойгиркунии саволнома дар шабакаи интернет ташкил гардида, дар натиҷа 16 саволнома қабул карда шудааст. Аз он ҷумла, 4 адад аз шаҳри Душанбе, 12 адад аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, инчунин дар пурсиш 11 зан ва 5 мард иштирок кардаанд. Дар давоми соли 2023, яъне соли сеюми иҷрои Барнома барои арзёбии миёнмуҳлат ҳангоми гузаронидани пурсиши сотсиологӣ, ҳамагӣ 180 нафар фаро гирифта шуданд.