22 май - Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ

  Дар даҳсолаҳои ахир масъалаҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ яке аз муаммоҳои глобалии замони муосир маҳсуб меёбад, ки на танҳо олимон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вазъи нигаҳдории гуногунии биологиро ба эътибор гирифта 22 майи соли 1992 дар конференсияи СММ доир ба ҳифзи зист ва рушд, ки дар Рио-де–Жанейро баргузор шуда буд, Конвенсия доир ба гуногунии биологӣ қабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои соҳибҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ онро соли 1997 тасдиқ намуда, ӯҳдадории худро дар доираи Конвенсия қабул кард. Муаммоҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ ва устуворона истифодабарии он яке аз равандҳои баҳсу талош ва оштинопазирӣ дар конференсияҳои байналмиллалӣ, симпозиумҳо ва ҷаласаҳо маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ дода, мунтазам чорабиниҳои гуногуни сатҳӣ байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд. Имрӯзҳо дар саросари кишварамон омилҳои таъсиррасон ба олами гуногуни биологӣ ба назар мерасад.

 Шудгори мавзеъҳои бешазорҳо, доманаи кӯҳҳо, сохтмони роҳҳо, шаҳру шаҳракҳо, иншоотҳои барқӣ, системаҳои коммуналӣ ва объёрӣ, рушди саноати истихроҷи маъдан ва ғайраҳо таъсири худро ба гуногунии биологии расонида истодаанд. Дар байни гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олами наботот ва ҳайвоноти вилояти Суғд бо рангорангӣ ва хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунад, зеро дар ин ҷо дар масоҳати начандон калон тақрибан 2500 намуди растаниҳои рагдор, ки намояндагони 99 оила ва 698 ҷинси растаниҳо маҳсубанд, дида мешавад. Дар байни онҳо намудҳои нодир ва эндемикӣ хеле зиёданд. Наздик 320 намуди растаниҳои гулдор (13% миқдори умумии наботот) танҳо дар вилояти Суғд ба назар мерасанд ва мавзеи паҳншавии онҳо аз ҳудуди вилоят намебарояд. Зиёда аз ин, дар вилоят олами гуногуни ҳайвонот макон гирифтааст, ки дар байни онҳо намудҳои нодир ва камёб ба монанди моҳии белбинии Сирдарёӣ аз қабили моҳиҳо, геккончаи зиреҳпӯш ва калтакалоси алои фарғонагӣ аз синфи хазандаҳо, лаклаки сафед ва тазарви Сирдарёӣ аз синфи парандаҳо, шомгардаки зардранг ва суғури Мензбир аз синфи ширхӯрон ва ғайраҳо сукунат доранд, ки аз гуногунрангии боигарии вилоятамон шаҳодат медиҳад. Имрӯз замоне расидааст, ки инсоният бояд муносибати худро ба олами набототу ҳайвонот ва муҳити зист куллан тағйир диҳад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки барои нигаҳдорӣ, ҳифзу оқилона истифодабарӣ, ғанӣ гардонидани захираҳои табиӣ, ки сарвати бебаҳо мебошад, барои мерос гузоштан ба наслҳои оянда саҳмгузор бошанд. Мо бояд тамоми олами гуногунии растанӣ ва ҳайвоноте, ки зери хатари маҳвшавӣ қарор доранд, таҳти назорати қатъӣ гирифта, онҳоро ҳифз намоем.

 

Скачано с веб-сайта JooMix.org.