Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ва бахшида ба санаи экологӣ, 22 май – Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ вохӯрии намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо аъзоёни «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки «Клуби экологӣ» дар назди кафедраи экологияи донишкадаи мазкур аз ҳисоби олимону устодон ва донишҷӯён ташкил гардида, даҳсолаи ахир бо мақомоти ҳифзи муҳити зист ҳамкории зич дорад. Ҳарсол дар баргузории аксияҳои экологӣ, мизи мудаввару семинарҳо ва вохӯриҳо, хусусан дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аъзоёни «Клуби экологӣ» фаъолона иштирок менамоянд. Бахшида ба эълон гардидани соли 2024 – «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва 22 май – Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ аввалин вохӯрии иттилоотӣ дар соли ҷорӣ, дар толори бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон гузаронида шуд.
Тибқи барнома дар рафти чорабинӣ презентатсияҳои ассистенти кафедраи экология Назарова М.Э. оид ба фаъолияти «Клуби экологӣ» донишкада дар соли 2023 ва донишҷӯи бахши 3, ихтисоси ҳифзи муҳандисии муҳити зист Холиқов М. дар бораи гуногунии биологӣ ва ҳифзи он пешкаши иштирокдорон гардида, инчунин профессори кафедраи экология, доктори илмҳои техникӣ Розиқов З.А. доир ба дурнамои фаъолияти «Клуби экологӣ» изҳори ақида намуд. Дар навбати худ сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Саидов Х.М. дар бораи таърихи ин санаи экологӣ, муҳимияти ҳифзи олами наботот ва ҳайвоноти нодири Тоҷикистон, таъсири манфии гармшавии иқлим ба обшавии пиряхҳо ва захираҳои об, амнияти экологӣ ва муаммоҳои экологии замони муосир баромад намуд. Ба ҳамаи иштирокдорон рӯзномаи соҳавии «Инсон ва табиат» дастрас гардида, аз ҷониби намояндаи сарраёсат ба кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 2 ҷилд Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.