Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии муҳити зист, амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом дар ҳамҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр ҷамъбасти озмуни шаҳрӣ таҳти унвони «Табиат хонаи мост, онро ҳифз бояд кард» гузаронида шуд. Озмун аз рӯи се номинатсия “Мақолаи беҳтарин”, “Расми беҳтарин” ва “Мактаби беҳтарин” гузаронида шуда, ба 9 нафар хонандагон - ғолибони озмун сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Ҳамчунин барои ҳамкории доимӣ ва иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ дар аксияҳои экологӣ мудир ва методисти шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом бо сипоснома ва туҳфа кадрдонӣ карда шуд.
Ҷамъбасти озмуни шаҳрии «Табиат хонаи мост, онро ҳифз бояд кард» дар шаҳри Конибодом
Добавить комментарий