Ободонии шаҳр – мароми мост!

    Рӯзҳои истироҳат таҳти шиори «Ободонии шаҳр – мароми мост!» ба ифтихори 23-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои тобеъ ҳашари умумишаҳрӣбагузор гардид. Дар шанбегӣ кормандони корхонаву идора, ташкилоту муассисаҳо, сокинон фаъолона ширкат варзида, дар ободониву кабудизоркунии маҳалли зист саҳми худро гузоштанд. Аз ҷумла, намояндагони муассисаву ташкилотҳо ва сокинони маркази шаҳр якҷоя бо кормандони КВД ХМК-и шаҳр дар кӯчаи марказӣ, маҳаллаҳо, гулгаштҳо, минтақаи истироҳатӣ, соҳили обанбори “Баҳри тоҷик”, даромадгоҳи шаҳр ва атрофи хонаҳои баландошёна ниҳолу гулҳои гуногуни ороишӣ шинонида, дар хуррамгардонии шаҳр нақши худро гузоштанд.

 Шанбегӣ  ибтидо аз даромадгоҳи ғарбии шаҳр - шаҳраки Сирдарё оғоз гардида, то ҳудуди минтақаи истироҳатӣ ҷараён гирифта, ба як маъракаи фараҳбахши тозакориву ободонӣ табдил ёфт. Ҳамагон бо азму нияти нек ва бо умеди сарсабзии диёр гирду атрофро тоза намуда, бо риояи қоидаҳои санитарӣ ва фосилаи иҷтимоӣ ба беҳдошти маҳалли зист машғул гардиданд.

Аз Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Гулистон

 

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/ru/news/595-obodonishguliston072020.html#sigProGalleria018607a91e
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.