Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, соҳилҳои дарёҳо, каналу ҷўйборҳо ва ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи муҳити зист, тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», иҷроиши фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.01.2020., №10 дар бораи гузаронидани аксияи «Тозагил-2020», фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят аз санаи 22.01.2020 сол №04 оид ба гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил-2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 58 маротиба аксияи мазкур гузаронида шуд.
Тибқи маълумот дар чорабинӣ ҳамагӣ 53922 нафар шаҳрвандон иштирок намуда, 177,3 км манбаъҳои обӣ аз ҳаргуна партовҳо тоза карда шуд. Ҳамчунин, аз тарафи мақомоти зертобеъи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ каналҳо ва заҳбуру заҳкашҳо бо воситаи техникаҳо аз лоиқа ва алафҳои бегона тоза карда шуд. Дар натиҷа 326,42 м3 партовҳо бо воситаи 59 адад техникаҳои махсус бароварда, ба партовгоҳҳои хоҷагиҳои манзили коммуналии шаҳру ноҳияҳо ҷойгиронида шуд. Гузориш оид ба рафти аксияҳо тариқи телевизионҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ намоиш дода шуд.
- Кликните, чтобы открыть изображение! Кликните, чтобы открыть изображение!

https://ecosugd.tj/ru/news/596-tzsohil072020.html#sigProGalleria179c5f468c