Санаи 8 июли соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти нимсолаи аввал ва вазифахои минбаъда бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ва муовини Раиси вилоят Хоҷазода О.А. баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Раёсат Нӯмонзода Т. оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис, ки аз ҷамъбасти фаъолият ва вазифаҳои минбаъда иборат буд, шинос намуд. Бо маърӯзаи ҳисоботӣ сардори Раёсат бобати фаъолияти макомоти хифзи муҳити зист баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ин давра баҳри пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини риояи қонуну қоидаҳои қабулгардида дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, манбаъҳои об, замин ва маърифати экологӣ нисбати ҳамин давраи соли сипарӣ натиҷаҳои хубро муваффақ гардиданд.
Дар ҷаласа фаъолияти хуби бахшҳои шаҳру ноҳияҳои Ашт, Панҷакент, Айнӣ, Конибодом, Деваштич, Масчох ва Зафаробод қайд карда шуда, барои бартараф намудани камбудихои чойдошта дастуру супроришхо дода шуд.