Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, № 178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аксияи «Ободонии маҳалли зист»-ро гузаронида истодааст.
Санаи 30 июли соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Зафаробод, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Гулистон, Спитамен, Шаҳристон, Хуҷанд, Бӯстон ва Ҷ.Расулов бо иштироки зиёда аз 37851 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, аҳолии ҷамоатҳо аксияи “Тозагии маҳал” доир гардид.
Дар рафти аксия 7960 бех дарахтон шинонида шуда, каналу ҷӯйборҳо ба масофаи 24500 м тоза, сафед кардани биноҳо ба масоҳати 1194 м2, тоза намудани заҳбуру каналҳо – 2130 м, сафед кардани дарахтон 4221 адад, тоза намудани майдонҳо аз алафҳои бегона – 430 м, сафед намудани роҳгаштҳо – 1455 м ва беш аз 192,7 м3 партовҳо ҷамъоварӣ гардид.
Ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд дар соҳили дарё (назди кӯдакистони Президентӣ) аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шуд. Дар он кормандони Беморхонаи марказии дилшиносии вилоят, Беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявӣ, кӯдакистони Президентӣ, истиқоматкунандагони Кумитаи маҳаллаи “Сари баландӣ” зиёда аз 500 нафар иштирок доштанд. Дар рафти аксия соҳили дарё, қади роҳи хиёбони Р.Набиев тоза карда шуда, 11 м3партовҳо аз тарафи КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”- и шаҳри Хуҷанд ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд. Аксияи мазкур тариқи телевизиони “Танин” ба навор гирифта ва намоиш дода шуд. Раёсат тасмим гирифтааст, ки чунин аксияҳоро то ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намояд.