Тибқи супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №31/10-31 аз 15 апрели 2015 ва фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №73 аз 14 июни 2016, бо фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят №69 аз 30.06.2016 сол «Оиди таъсиси ситод оид ба амалиёти «Кӯкнор - 2016» ситоди идоравӣ ташкил карда шуда, нақшаи кории ситоди идоравӣ тасдиқ карда шудааст.
Раёсат баҳри иҷроиши нақшаи кории ситоди идоравии амалиёти «Кӯкнор-2016» якҷоя бо намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, воситаҳои ахбори умум ва ташкилотҳои ҷамъиятии вилоят корбарӣ намуда истодааст.
Раёсат ва шӯъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят оиди гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2016» бо мақомотҳои қудратӣ ҳамкорӣ намуда, дар ин самт тарғиботу ташвиқотро пурзӯр намуда истодаанд.
Оид ба масъалаи мазкур дар ҳудуди фонди давлатии ҷангал аз тарафи шӯъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят якҷоя бо намояндагони мақомотҳои қудратӣ ва муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳо растаниҳои нашъаовари худрӯй ба монанди кӯкнор ва бангдонаи ҳиндӣ ошкор карда нашуд.
Хамчунин ҳангоми гузаронидани амалиётҳо дар байни аҳолии деҳаҳои ноҳияҳои Ашт, Ғончӣ, Шаҳристон, Айнӣ, Панҷакент ва Исфара оиди пешгирӣ ва роҳ надодан ба кишту парвариши растаниҳои нашъаовар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.