Август 2021
31 Август 2021
Аксияи «Тозагии соҳил ва маҳал» дар шаҳри Гулистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аксияҳои «Тозагии маҳал ва соҳил» идома дорад. Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон дар соҳили обанбори баҳри Тоҷик бо иштироки 310 нафар кормандони бахши фарҳанг ва маориф аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» гузаронида шуд. Рафти аксия аз тарафи иштирокчиён 1 км ҷӯйбор, 600 м2 ҳудуд ва 4 км қадди роҳҳо, 700 метр соҳилҳои обӣ тоза карда шуда, 4 м3 партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф, сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар шанбегӣ кормандони корхонаву ташкилотҳо, аҳолии ҷамоатҳо ва маҳалаҳо ҳамагӣ 670 нафар иштирок доштанд. Аз ҷониби иштирокчиёни шанбегӣ 2100 м ҷуйборҳо,қадди роҳҳо 7 км, 400 м2 майдонхо аз алафхои бегона тоза карда шуд. Инчунин 230 м роҳҳо таъмир ва сафед карда шуда, 7,5 м3 партовҳо ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.
Амалиёти назоратӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҷамоати деҳоти Сомониён ғайриқонунӣ истихроҷ намудани канданиҳои фоиданоки маъмули умум ошкор гардид. Дар натиҷа нисбати қонуншиканон - сокинони ноҳия Турсунов Ф. ва Қирғизбоев М. бо моддаи 238-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуд.
26 Август 2021
Мизи мудаввари ҷамъбастӣ доир ба лоиҳаи «Бидон, ки чиро нафас мекашӣ»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баҳри беҳтар намудани вазъи муҳити зист, рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ якҷоя бо дигар сохтору ташкилот як қатор чорабиниҳои экологиро баргузор менамояд.Аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» бо дастгирии Сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз аз моҳи октябри соли 2020 то моҳи августи соли 2021 лоиҳаи «Беҳтар намудани сифати зиндагӣ, тавассути огоҳисозӣ ва пешгирии роҳҳои ифлосшавии ҳаво» татбиқ гардид. Бинобар ба охир расидани лоиҳа дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мизи мудаввари ҷамъбастӣ бо шиори «Бидон, ки чиро нафас мекашӣ» гузаронида шуд. Дар рафти чорабинӣ ба иштирокдорон призентатсия ва баромадҳо дар мавзӯи «Фаъолият, мушкилиҳо ва натиҷаҳои бадастоварда аз амалишавии лоиҳа», «Презентасия ва пешкаши видеоролик оид ба фаъолиятҳои амалигашта доир ба ҳифзи ҳавои атмосфера», «Маълумоти мухтасар оид ба стансияҳои насбнамудаи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва фаъолияти онҳо» ва «Таъсири ифлосшавии ҳаво ба саломатии инсон ва оқибатҳои он» пешниҳод гардид.
25 Август 2021
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, тибқи нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Раёсат дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 38 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 8 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шуд.
Аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аксияҳои гуногуни экологии оммавӣ идома дорад. Бо иқдоми Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил», ки дар миқёси вилоят ташкил ва гузаронида шуд, беш аз 23 ҳазор нафар кормандони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳо, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо ва шаҳрвандон фаъолона иштирок намуданд. Дар рафти аксияҳо корҳои тоза намудани ҷўйбор, заҳбуру заҳкаш - 25,3 км, тоза намудани қадди роҳҳо аз партовҳо - 53,7 км, таъмири роҳравҳо - 3 км, тоза намудани заҳбуру каналҳо - 300 м, сафед намудани дарахтон - 1236 бех, тоза намудани майдонҳо - 4 км амалӣ гардида, 126,4 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ бароварда шуд. То баргузории ҷашни миллӣ баргузор гардидани аксияҳои экологӣ дар миқёси вилоят идома дорад.
21 Август 2021
Насби овезаи экологӣ дар шаҳри Истиқлол
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани чашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд насби овезаҳои экологӣ идома дорад. Аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳр – Маҳаллаи 1 баннери экологӣ бо навиштаҷоти тарғиботии сайёҳати экологӣ насб карда шуд. Мақсад аз насб намудани овезаҳои экологӣ баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист ва тарғиби саёҳати экологӣ маҳсуб меёбад.
Баргузории вохӯрӣ ва аксияи экологӣ таҳти унвони "Ояндаи бидуни пластик!" дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Тибқи нақшаи пешбинигардида, санаи 18 августи соли 2021 дар шаҳри Истаравшан аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии "Сафӣ" дар доираи татбиқи лоиҳаи "Ҷаҳон бидуни маҳсулоти пластикӣ", ки аз ҷониби ташкилоти байналхалқии Юнисеф дастгирӣ карда мешавад, вохӯрии иттилоотӣ ва аксияи "Ояндаи бидуни пластикӣ" баргузор гардид. Дар он намояндагони сохторҳои МИҲД-и шаҳри Истаравшан, мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҷамоати шаҳраку деҳот, раисони кумитаи маҳаллаҳо, соҳибкорон, сокинони фаъоли шаҳр, бахши ҷавонони шаҳр, волонтёрон ва аъзои ташкилоти ҷамъиятии "Пайравони Пешвои миллат" иштирок доштанд. Намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят баромад карда, доир ба зарари маҳсулоти пластикӣ маълумоти муфассал дод. Зикр гардид, ки татбиқи лоиҳаи мазкур бо мақсади паст намудани таъсири зарари маводи пластикӣ ба саломатии инсон ва умуман ба ҷомеа роҳандозӣ гардидааст.
19 Август 2021
Боздошти қуруқшиканон бо шасти барқӣ (электроудочка)
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои фаврӣ дар ҳавзаи Сирдарё, минтақаи Палос ду нафар қуруқшиканонро ҳангоми сайди ғайриқонунии моҳӣ бо шасти барқӣ боздошт намуданд. Аз қуруқшиканон қаиқ бо муҳаррикаш, шастибарқӣва 20 адад моҳиҳои гуногун мусодира ва муваққатан ба анбори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Сугд супорида шуд. Нисбати қуруқшиканон маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои маъмурӣ ба прокуратураи ноҳияи Б.Ғафуров фиристода шуд. Гуфтан ҷоиз аст, ки шасти барқӣ ба гурӯҳи аслиҳаи маҳви оммавӣ дохил шуда, боиси кохиш ёфтани захираи моҳӣ мегардад. Фардҳои наслдиҳандаи ба майдони шасти барқӣ дучоршуда аз афзоиш монда, ба безурётии олами организмҳои обӣ мусоидат менамояд.
18 Август 2021
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб ва гузаронидани аксияи “Тозагии роҳ” дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва бартараф намудани партовҳои бесоҳиб, аз ҷониби нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан амалиётҳои шабонарӯзӣ гузаронида шуда истодааст. Ҳангоми гузаронидани чунин амалиёт дар қадди роҳи Истаравшан – Ниҷонӣ партовҳои бесоҳиб ошкор гардида, аз дохили партов ҳуҷҷатҳо ба номи шаҳрванд Исломов Обид - сокини деҳаи Сари Мазори ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан дарёфт гардид.Нисбати Исломов О. протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷарима ба маблағи 600 сомонӣ баста шуд. Ғайр аз ин бо пешниҳоди бахши ҳифзи муҳити зист аз тарафи шаҳрванд Исломов О. ҳамаи партовҳои партофташуда бартараф карда шуд. Ҳамчунин дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар шаҳр аксияи «Тозагии роҳ» баргузор гардида, дар натиҷа 7 км ду тарафи қадди роҳи кӯчаҳои протоколӣ, аз он ҷумла ҷӯйборҳо аз партовҳо тоза карда шуд. Дар баробари ин корҳои сафед кардани танаи дарахтон ва нарм намудани замини он гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ, дар рафти аксия беш аз 250 нафар иштирок дошта, 12 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд.