Все статьи

17 Февраль 2022

Вохӯрии намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят

  Санаи 16 феврали соли равон бо мақсади фаҳмонидани моҳият ва таъмини иҷрои талаботи бандҳои нақшаи чора-биниҳои «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсат вохӯрии намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қодирҷонзода А.Қ. бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист баргузор гардид. Намояндаи Раёсати Агентӣ зимни баромади худ оиди моҳият, самтҳои асосӣ ва амалисозии нақшаи чорабиниҳои стратегия, пешгирии амалҳои характери коррупсионидошта дар фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, таъсири он ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикорупсионии аҳолӣ сухан намуда, қайд кард, ки хизматчиёни давлатӣ бояд дар чорчӯбаи қонун-гузорӣ фаъолият намуда, таъмини иҷрои стратегияи мазкур тибқи талаботҳои қонунҳои амалкунанда ҷиддӣ ба роҳ монда шавад. Дар интиҳои вохӯрӣ кормандони Сарраёсат оид ба масъалаҳои гуногуни вобаста ба масъалаи баррасишаванда саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Читать далее

16 Февраль 2022

Нишасти матбуотии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

  Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят   14 феврали соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ ва оид ба натиҷаҳои фаъолият  дар соли сипаригашта доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият»,«Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақикатӣ», «Ризқофарин», «Паёми Суғд»,  «Нилуфар», «Саломат бошед», «Кайҳон», «Меҳри замин»,«Пайк», «Озод», «Набзи диёр», Оҷонсиҳои иттилоотии «Азия-плюс», «Озодӣ», «Сугднюс»,«Спутник», «Фараж», телевизионҳои ШТР «Азия», СМ -1, ТВ Суғд, 7 Ситора дар маҷмӯъ 33 нафар намояндагон иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят дар соли 2021 дастрас гардид. Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба ҳолати партовгоҳҳои радиофаъол ва ба меъёр мутобиқ будани онҳо, дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», таъсири фермаҳои хукпарварӣ  ба муҳити зист ва чораҳои андешидашуда нисбати онҳо,  сабабу омилҳои хушкшавии дарахтони магнолия дар шаҳри Хуҷанд ва дигар масъалаҳо вобаста ба ҳифзи муҳити зист ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Читать далее

04 Февраль 2022

Пешбурди сиёсати ягонаи давлатии экологӣ дар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ

  Дар ҳамкорӣ бо Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд санаи 2.02.2022 дар барномаи иттилоотии «Гуфтугӯи мустақим» 4 нафар сармутахассисони сарраёсат иштирок намуданд. Мавзӯи барнома ба оғозшавии маъракаи муташаккилонаи ниҳолшинонӣ, ободонӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва дар маҷмуъ баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон бахшида шуд. Дар давоми як соати барномаи мустақим ба тамошобинон дар бораи вазифаҳои хизматии сарраёсат, қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва чораҳои маъмурии пешбинишуда, тибқи қарори Раиси вилояти Суғд қоидаҳои маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ, муомилот бо партовҳо, аз ҷумла нуқтаҳои муваққатан ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ, «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», намудҳои ҳайвоноту растаниҳои ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида маълумоти мухтасар ва ба як қатор саволҳои додашудаи бинандагон ҷавобҳои мушаххас пеш-ниҳод гардид.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истаравшан

  Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ, тозаву обод намудани маҳалли зист, таъмини беҳдошти солимии ҷомеа дар шаҳри Истаравшан бо ҷалби васеи кормандони корхонаву ташкилот, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аҳолӣ аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Аксия дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бо иштироки 1630 нафар гузаронида шуда, партовҳои гуногун дар ҳаҷми 8,4 метри мукааб ба партовгоҳи шаҳр интиқол дода шуд. Чорабинӣ аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ташкил карда шуда, ба иштирокчиён 220 адад борҷомаҳои полиэтиленӣ тақсим карда шуд.

Читать далее

03 Февраль 2022

Аксияи «Тозагии маҳал» ва маъракаи дарахтшинонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

  Бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф ва беҳтар намудани вазъи экологӣ дар ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксия беш аз 80 нафар омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимии миёнаи умумии № 5 фаъолона иштирок намуда, як қатор корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд. Дар маҷмўъ ҳудуд ва минтақаи аҳолинишин аз партовҳои гуногун тоза гардида, ба партовгоҳ 2 тонна партовҳо бароварда шуд. Ҳамчунин дар ҷамоати шаҳраки Меҳробод, кӯчаи протоколии ба номи Абӯали ибни Сино бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист бо мақсади обод ва кабудизоркунӣ дар қадди роҳи нақлиётгард 150 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд.

Читать далее

Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Панҷакент

  Бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон, дар асоси нақшаи корӣ бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар минтақаи осебпазири ҷангал корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.Рафти чорабинӣ барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин мавзеъ ба миқдори450 кг гандум, 400 кг ҷав, 200 кг намак, 550 кг сабус, 250 кг окшок, 45 дона бастаи алаф, 30 дона бастаи алафи беда, 350 нарма, 250 кг орди навъи сеюм, 550 кг сабус, 200 кг намак, 50 кг намаки санг истифода бурда шуд. Тибқи маълумоти мутахассисон дар ин мавзеъ намудҳои олами ҳайвоноти ваҳшӣ ба монанди хуки ваҳшӣ, хирс, гург, рӯбоҳ, ҷайра ва дигар намуди парандаҳои ваҳшӣ сукунат доранд.

Читать далее

Санаи экологӣ. 2 феврал – Рузи умумиҷаҳонии заминҳои обиву ботлоқӣ

  Ҳамасола 2-феврал аз тарафи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ (WorldWetlandsDay) таҷлил карда мешавад. Ҳадафи ин ҷашн ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ва Ҳукумати кишварҳо ба муаммоҳои заминҳои обию ботлоқӣ мебошад, ки барои рушди устувори сайёра нақши хеле муҳимро иҷро мекунад. Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ аз соли 1997 инҷониб таҷлил карда мешавад. Соли 1971 дар Эрон Конвенсияи СММ оид ба муҳофизати мавзеъҳои обию ботлоқӣ аз ҷониби 18 кишвар ба имзо расид. Соли 2000 шумораи кишварҳои аъзо ба 119 расид, ки имрӯз бошад 159 кишвар ба узвияти Конвенсияи Ромсар ҳамроҳ гаштаанд. Шумораи мавзеъҳои обию ботлоқие, ки дар таҳти муҳофизат қарор гирифтааст, 1869 адад буда, майдони умумиашон 1836000 (як миллиону ҳашсаду сиву шаш ҳазор) км2-ро ташкил мекунад. Шароитҳои табиии ин мавзеъҳо барои зисти бисёр намуди паррандаҳо, ҳашарот, моҳӣ ва дигар ҳайвонот мувофиқ аст. Инчунин заминҳое, ки ба рӯйхати мавзеъҳои обию ботлоқӣ дохил мешаванд, дорои захираҳои маъданҳои фоиданок мебошанд.

Читать далее

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шоҳроҳи Хуҷанд – Бобоҷон Ғафуров

  Тибқи нақшаи корӣ ва бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шоҳроҳи Хуҷанд - Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» баргузор гардид. Дар рафти амалиёт барои муайян намудани миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) 35 адад нақлиёти автомобилии тамғааш гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи гузаронидани санҷиш нисбати ронандаи 1 адад воситаи нақлиёт, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Рафти амалиёт тариқи телевизиони “Ҷаҳоннамо” ба навор гирифта шуд.

Читать далее

27 Январь 2022

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истиқлол

  Баҳри иҷрои нақшаи корӣ, бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф, баланд бардоштани маърифати экологӣ дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 5-и шаҳри Истиқлол аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия омӯзгорон ва хонандагони муассиса фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи муассиса аз партовҳои гуногун тоза карда шуд. Гузаронидани чунин аксияҳои экологӣ дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ пешбинӣ гардидааст.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Гулистон

  Бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани  муҳити зист,  баланд бардоштани маърифати экологӣ дар шаҳри Гулистон аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони муассисаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, мактаби варзишӣ, коллеҷи тиббӣ, шабакаҳои барқии Суғд, ҶСК "Қолинҳои Қайроққум" ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр зиёда аз 500 нафар фаъолона иштирок доштанд. Рафти аксия гирду атрофи корхонаву муассисаҳо ва мавзеъҳои истироҳатӣ   пурра  тоза карда шуда, 8,2 м 3 партов бароварда шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.