Все статьи

22 Июль 2020

Истихроҷи ғайриқонунии канданиҳои фоиданок дар ноҳияи Айнӣ

    Тибқи  нақшаи  кории  бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назоратӣ аз тарафи кормандон  дар минтақаи Фондарё деҳаи  Равот  худсарона  истихроҷ намудани ангишт сокинони деха Латипов Р. ва Раҳмонов Т. ошкор карда шуданд. Кирдори мазкур бар хилофи моддаи 2.8 ва 49-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» буда, нисбати қонуншиканон барои бе иҷозати махсус истихроҷ намудани  захираҳои табиӣ  протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода  шуд.

Читать далее

Ҳашари умуминоҳиявӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов

    Бо мақсади тозаву обод намудани маҳалли зист ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ, беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист ҳашари ноҳиявӣ бо иштироки аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, кормандони муассиса ва ташкилотҳо гузаронида шуд. Дар натиҷаи ҳашар зиёда аз 5 км қади роҳҳои нақлиётгарди ҷамоати шаҳраки  Меҳробод,  4,5 км ҷӯйҳо ва лотокҳо, 1,2 км селроҳаҳои Исфанасой, Томчисой, кучаҳову хиёбонҳои ҷамоатҳои шаҳраку  деҳот аз алафхои бегона ва партовҳои ҳархела тоза карда шуда, зиёда аз 24 м3 партовҳо ба партовгоҳи марказии ноҳия бароварда шуд.

Читать далее

21 Июль 2020

Амалиётҳои назоратӣ дар манбаъҳои обӣ

      Дар асоси нақшаи корӣ, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назоратӣ дар минтақаи санитарии муҳофизати манбаъҳои обӣ, воқеъ дар ноҳияи  Б.Ғафуров ҷамоати деҳоти Ёва ва Унҷӣ шаҳрванд Алибоев Искандар бо нақлиёти худ тамгаи ЗИЛ рақами қайди давлатиаш 8251- КН- 02  ҳангоми  партофтани партовҳои сохтмонӣ ба соҳили дарёи Сир ошкор карда шуд. Дар натиҷаи ифлос намудани манбаҳои обӣ нисбати қонуншикан Алибоев И. протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 177-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба шуъбаи ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров пешниҳод гардид.

Читать далее

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Б.Ғафуров

 Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар  ноҳияи  Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 27 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят  ирсол гардид.

Читать далее

Шанбегии умумишаҳрӣ дар шаҳри Исфара

  Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шанбегиҳои оммавӣ идома дорад. Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти  шаҳри Исфара бо  иштироки  кормандони муассисаву ташкилот, аҳолии ҷамоту деҳот қариб 2 ҳазор нафар дар миқёси шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ доир гардид. Ҳудудҳои маҳаллаҳои аҳолинишин ба масоҳати 8060 м2 тоза карда шуда, ба миқдори қариб 4 ҳазор адад гулҳои  мавсимӣ шинонида шуд, 5,64 га замин аз алафхои бегона ва 2100м ҷӯйбор аз партовҳои хархела тоза карда шуд. Ҳамчунин  25 м3 партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.

Читать далее

Шанбегии умумишаҳрӣ дар шаҳри Истаравшан

 Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тозаву обод намудани муҳити зист дар шаҳри Истаравшан шанбегии умумишаҳрӣ доир гардид. Дар он соҳибкорон, намояндагони корхонаву  ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳои марказӣ ва хусусӣ, аҳолии ҷамоатҳои деҳот ҳамагӣ 520 нафар иштирок доштанд.  Рафти шанбегӣ  канори ҷуйборҳои обгузари дохили шаҳр ба масоҳати 2,1 км ва кӯчаҳои протоколии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва Истиқлол, ҳудуди биноҳои маъмурии назди корхонаву ташкилотҳо тоза карда шуда, 6,6 тн. партовҳо ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд. Корҳо дар ин самт мунтазам идома дорад.

Читать далее

16 Июль 2020

Аксияи «Тозагии роҳ» дар ноҳияи Ашт

     Бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ, тозаву обод намудани қадди роҳҳо аз партовҳо, иҷрои нақша чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  санаи 16 июли соли равон  дар  ҷамоатҳои  Шодоба ва Ошобаи  ноҳияи Ашт аксияи «Тозагии  роҳ» гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 150 нафар кормандони идораи роҳ ва сокинони ҷамоатҳо иштирок намуда, 5 км қадди  роҳи асосии Ошоба - Хуҷанд аз партовҳои  гуногуни  пластикӣ ва алафҳои хушк тоза гардида, 3 тн.партов ба партовгоҳи ноҳия  бароварда шуд. Баргузории  чунин аксияхо  дар дигар минтақаҳои вилояти Суғд идома дорад.

Читать далее

13 Июль 2020

Таҷлили Рўзи мохидорон

 Чун анъана, ҳар сол якшанбеи дуюми моҳи июл Рўзи моҳидорон қайд карда мешавад. Ин рўз барои тамоми моҳипарварон ва моҳидорон ҳамчун иди касбӣ ба ҳисоб рафта, ҳадафи таҷлили санаи мазкур - ҷалб кардани аҳолӣ ба ин намуди фароғат, тарбияи малакаҳои муносибати эҳтиёткорона ба табиат ва захираҳои табиии он, аз ҷумла захираҳои моҳӣ мебошад. Дар ҳавзаҳои дарёҳои микёси вилоят зиёда аз 50 намуд моҳӣ мавҷуд буда, онҳо танҳо дар оби тоза зиндагӣ мекунанд ва аз ин рӯ, тозаву озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд ва инсони табиатдўст ба ҳисоб меравад.

Дар вилояти Суғд барои афзун гардонидани захираҳои моҳӣ, ривоҷ додани соҳаи моҳипарварӣ, истифодаи моҳиҳо дар тозакунии биологии оби обанборҳо, нигоҳ доштан ва ҳифзи намудҳои нодири онҳо аз нестшавӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист тадбирҳои судманд андешида мешавад. Масалан, ҳар сол дар давраи тухмгузорӣ бо мақсади ҳифз ва афзун гардонидани захираҳои моҳӣ бо қабули фармоишҳои махсуси дахлдори Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори раёсат манъи сайди моҳӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Тибқи фармоишҳои мазкур дар соли равон низ дар дарёву обанборҳои ҳудуди вилояти Суғд аз 1 апрел то 15 июн сайди моҳӣ манъ карда шуд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароит ба рафти афзоиши табиӣ ва боиси ҳифзи миллионҳо моҳичаҳо мегардад.

Читать далее

Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Гулистон

    Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Гулистон  ҷиҳати тозаву обод намудани соҳили манбаъҳои обӣ, ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки кормандони НОБ ш.Гулистон ва обутобгоҳи «Сайёд» дар соҳили обанбори «Баҳри Тоҷик» аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида  шуд.  Дар ҷараёни аксия зиёда аз 100 иштирокчиён соҳили баҳрро аз партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсолӣ тоза намуда, 1,6 тн партов ба партовгоҳи  шаҳр бароварда шуд. Иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон  гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» низ  роҳандозӣ  гардидааст.

Читать далее

Натиҷагирӣ аз фаъолияти раёсат дар нимсолаи якуми соли 2020

 Санаи 10 июли соли равон дар Маркази бозомӯзии раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти натичаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини Раиси вилоят Каримзода Р.Р. баргузор гардид. Маърӯзаи ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд шунида шуда, қайд карда шуд, ки баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ, ҷиҳати пешбурди соҳа, вусъат бахшидан ба корхои ободониву  кабудизоркунӣ, ҳалли муаммохои экологӣ натиҷаҳои  хубро муваффақ гардид.

 Рафти ҷаласа аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратии раёсат пурсиш ба амал оварда шуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешрафти фаъолияти минбаъда супоришҳо дода шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.