Все статьи
07 Март 2024
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб ба муносибати 8 Март – Рўзи Модар
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
С
арраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо самимияти афзун модарону бонувонро ба ифтихори ҷашни фархундаи 8 март - Рўзи Модар табрику таҳният мегўяд. Дар оғози фасли зебои баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ мардуми шарафманди мо Рўзи Модарро, ҳамчун яке аз арзишмандтарин идҳои умумихалқӣ ҷашн мегиранд. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санаи муқаддас ба хотири эҳёи яке аз қадимтарин ҷашнвораҳои миллати мо ва гиромидошти занону модарон ба расмият даромада, рисолати ҷомеаро дар муносибат ба эҳтироми модарону хоҳарони арҷманд баланд бардошта, гувоҳи эътибору манзалати волои бонувон дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон гаштааст. Бигзор модарону бонувони Тоҷикистони соҳибистиқлол доимо шарафманду соҳибиқбол бошанд. Бо чунин муҳаббати самимӣ ба Шумо ободии хонадон, дар фаъолияти ҳамешагии пурзаҳмат комёбиҳои беназир ва рӯзгори босаодат таманно дорам. Бигузор рўзгоратон сабзу гулафшон ва зиндагониатон лабрези шодию фараҳ бошад. Ҷашни Рӯзи Модар муборак!
Баргузории вохӯриҳо оид ба масъалаҳои экологӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о мақсади баррасии масъалаҳои экологӣ, аз он ҷумла муомилот бо партовҳо, кабудизоркунии маҳалҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, ки дар Паёми навбатии Президенти кишвар зикр гардиданд, тибқи нақшаи тасдиқгаштаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи масъулини дастгоҳи марказии Кумита бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Халилов Д. ва Муминов А., намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳия, кормандони соҳаи маориф, Маркази назорати давлатии эпидемиологӣ - санитарӣ, ҷамоату шаҳракҳо, Раёсати хоҷагии манзиливу коммуналӣ иштирок доштанд. Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони Кумита оид ба масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла муомилот бо партовҳо, кабудизоркунии маҳалҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, баромад намуданд.
Вохӯрӣ дар Гимназияи №1-и ба номи Камоли Хуҷандии ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷ.Расулов
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар доираи гузаронидани омӯзиш ва таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов, мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ вохӯрии намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Саидов Х.М. бо хонандагони синфҳои болоӣ, омӯзгорони фанни экология ва биологияи Гимназияи №1-и ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ба номи Камоли Хуҷандии ноҳияи Ҷ.Расулов баргузор гардид. Ҳамчунин, дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Аҳмадзода И., директори гимназия Мирдадоев М., намояндаи шуъбаи маориф Пӯлотов Ғ. ва бахши ҳифзи муҳити зист иштирок доштанд. Рафти чорабинӣ аз ҷониби намояндаи маориф меҳмонон муаррифӣ гардида, муовини раиси ноҳия сухан кард.
21 Февраль 2024
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар ноҳияи Шаҳристон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологии қадди роҳҳо, тозаву обод намудани муҳити атроф дар ҷамоати деҳоти Шаҳристон қадди роҳи автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд партовҳои бесоҳиб бартараф карда шуд. Ин иқдом аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон роҳандозӣ карда шуда, чунин корҳои ободониву тозакунии муҳити атроф дар шоҳроҳ ва шафати роҳҳо идома дорад.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Т
ибқи нақшаи тасдиқгашта рӯзи шанбеи хафтаи сипаригашта дар шаҳри Хуҷанд оғоз аз гардиши маҳаллаи 28 то гардиши маҳаллаи 34-ум ва аз гардиши маҳаллаи 28 то МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» ташкил ва гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксия зиёда аз 450 нафар донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолона иштирок намуда, қадди кӯчаву роҳравҳо,ҷуйборҳо ва ҳудуди маҳаллаҳо аз партовҳои гуногун тоза карда шуданд. Дар натиҷа 12,3 метри мукааб партов ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуд.
Чорабинии ниҳолшинонӣ бо иштироки аъзоёни раванди «Нозирони сабз» дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳри Истиқлол
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
авоми се соли охир Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ҳамкории зич дошта, дар доираи амалисозии Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» бо 6 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Истиқлол ва 4 адад ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров корбарӣ менамояд. Дар ин давра раванди «Нозирони сабз» дар муассисаҳои таълимии мазкур ташкил гардида, ҳар сол як қатор чорабиниҳои гуногуни экологӣ бо мақсади рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон гузаронида мешавад.
Вохўрӣ бо омўзгорону донишҷўёни МДТ «Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар доираи гузаронидани омўзиш ва таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон дар МДТ «Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ» вохўрии намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Саидов Х.М. бо беш аз 120 нафар омўзгорону донишҷўён баргузор гардид. Ҳамчунин, дар чорабинӣ директори коллеҷи мазкур Марҳамзода П., роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Ашӯров Х., мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Азиззода С. ва мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия Сангинов С. иштирок доштанд.
Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Т
ибқи нақшаи корӣ, бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва аъзоёни ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорон дар ҷамоати деҳоти Деҳмой, минтақаи Туқайи соҳили дарёи Сир корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ, ки ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ сукунат доранд, ба миқдори умумии маҳсулоти ғаладонагиҳо - 250 кг ва бастаҳои хошок пошида шуд.
Аксияҳои «Тозагии шоҳроҳ ва соҳил» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷаббор Расулов тибқи нақшаи тасдиқгашта бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани шафати роҳҳо, манбаъҳои обӣ ва беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ аксияи «Тозагии шоҳроҳ» ва дар ҷамоати деҳоти Сомониён аксияи «Тозагии соҳил» ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксия хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои миёнаи таълимии умумӣ ва аҳолӣ фаъолона иштирок намуда, қадди роҳи протоколӣ ва каналу ҷуйборҳо аз алафҳои хушк,зарфҳои пластикӣ ва дигар намуди партовҳо тоза карда шуд.
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар шоҳроҳ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Т
ибқи дастуру супоришиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, бо мақсади пурзӯр намудани назорати давлатӣ ҷиҳати тоза нигоҳ доштани қадди шоҳроҳҳо дар шаҳру ноҳияҳо як қатор чорабиниҳо амалӣ гардида истодаанд. Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара дар канори рости шоҳроҳи Исфара –Хуҷанд бо иштироки аҳолӣ аксияи «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуда, партови бесоҳиб дар масоҳати 0,50 га бартараф карда шуд. Гузаронидани чунин чорабиниҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ идома дорад.


