Дар шаҳри Конибодом дар арафаи таҷлили Рўзи байналмилалии муҳити зист як қатор чорабиниҳо дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ ва нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида баргузор гардид. Дар давоми ду рўз аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» дар миқёси шаҳр ва ҷамоати деҳот ҳамагӣ бо иштироки беш аз 3,9 ҳазор нафар шаҳрвандон гузаронида шуд. Боиси қайд аст, ки якҷоя бо Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар шаҳр 2,4 км селроҳаи №7 бо ҷалби техникаи махсус кофта тоза карда шуд. Дар корҳои мазкур 45 нафар мутахассисону кормандони хоҷагии об ширкат варзиданд.
Дар ҳудуди хиёбони марказии Исмоили Сомонӣ ва ду тарафи шоҳроҳи нақлиётгарди Коллеҷи технологии шаҳр бо иштироки 540 нафар шаҳрвандон корҳои рўбучин дар масоҳати 2,1 ҳазор метри мураббаъ, тоза кардани ҷўйбор – 1,2 км, сафед намудани пояҳои 64 адад дарахтон бо ба шакл даровардани шоҳҳо ва баровардани партов – 6,2 тн амалӣ гардид.



Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист дар ноҳияи Ашт аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил» ва «Тозагии роҳ» гузаронида шуд. Аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо ҷалби аҳолӣ ва кормандони коргоҳҳо, муассисаҳо ва ташкилот, дар маҷмўъ 2330 нафар як қатор корҳо ба сомон расонида шуд. Дар рафти аксияҳо 11,3 км ду тарафи роҳҳои асосӣ, 1,5 ҳазор метри мураббаъ саҳни ҳавлии ташкилоту идораҳо ва ҷўйборҳои қадди роҳҳо аз партовҳо тоза карда шудаанд. Ҳамчунин, партовҳои бесоҳиб дар ҳаҷми 5,8 тн ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуд. Дар ҷамоати деҳоти Ашт, Понғоз, Пунук, Ошоба ва Шайдон ду тарафи сойҳо низ аз партовҳо тоза гардид.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба санаи 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист дар ноҳияи Ҷ.Расулов аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист як қатор тадбирҳо андешида шуд. Мувофиқи чорабиниҳои пешбинигардида дар ҳудуди ноҳия ду маротиба аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» дар бо иштироки аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳот, кормандони муассисаҳо ва ташкилоти ноҳия
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба санаи 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист дар шаҳри Истиқлол аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист як қатор амалиётҳо ва чорабиниҳо баргузор гардид. Бо ташаббуси бахш аксияи тақдим кардани маводи пешгирикунанда аз касалии коронавирус