Муҳтарам ҳамкорон, дўстони азиз!
Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида мешавад, зеро ҳамасола дар кишварҳои гуногун чорабиниҳои расмӣ доир мегарданд, ки ин ба ҷалби тамоми аҳли ҷомеа ба муаммоҳои мубрами экологии кишварҳо кӯмак ва саҳмгузорӣ менамояд. Таъмини амнияти экологии ҷомеа аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, имконияти хубест, барои бори дигар ҷалб намудани таваҷҷўҳи оммаи васеъ ба масоили экологӣ мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид фавриян наҷод додани башарият аз беобиро ба сароҳат таъкид карданд. Ин нуқта дар сафҳаҳои тамоми расонаҳои бонуфузи дунё интишор ва мавриди дастгирӣ қарор гирифт.




Санаи 30 майи соли равон бахшида ба санаи 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист аз ҷониби сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд як қатор собиқадорони меҳнат, ки солҳои тўлони дар соҳаи ҳифзи муҳити зист фаъолият кардаанд ва дар айни замон дар нафақа мебошанд аёдат карда шуд. Аз ҷумла, собиқадоронро дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Б.Ғафуров ва Ҷ.Расулов хабар гирифта, ба онҳо кўмаки моддию молиявӣ расонида шуд. Чораҷўии мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва баҳри иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба баргузор намудани Рўзи байналмилалии муҳити зист амалӣ гардид.
Бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд санаи 30 майи соли ҷорӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист як қатор чорабиниҳо баргузор гардид. Яке аз онҳо ин аксияи тақдим кардани маводи пешгирикунанда аз касалии коронавирус