Таҷлили Рӯзи дониш дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии № 21 ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Зафаробод

  Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки и.в. Раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  - сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти  Суғд  Ғуфронзода Азиз ва  ва роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии № 21 ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Зафаробод  Рўзи Дониш  дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд. Пас аз суханони ифтитоҳӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  - сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти  Суғд  Ғуфронзода Азиз   номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам  Раҷаббой Аҳмадзодаро ба кулли омўзгорону хонандагон қироат  намуд. Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар устодону хонандагонро ба муносибати Рӯзи дониш таҳният намуда, қайд кард, ки аз ҷониби Ҳукумати  кишвар  баробари таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои ба сатҳи талаботи замон баровардани соҳаи маориф, ислоҳоти он, гузаштан ба усулҳои муосири таълиму тарбия, таҳкими заминаҳои моддиву техникии таълимгоҳҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд. Рафти чорабинӣ омӯзгорон ва муҳасиллини муассиса бо эҳсоси ифтихору ватандўстӣ, худшиносиву арҷгузорӣ ба кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол баромадҳо намуда, зикр намуданд, ки дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ба даст овардани хониши хубу аъло саҳми арзандаи худро мегузоранд. Бахшида ба Рӯзи дониш  сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар собиқадори соҳаи маориф  Саъдиев Нарзуллоро аёдат намуданд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Зафаробод

  Дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ  дар қаламрави ноҳия  аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия 5860 нафар намояндагони сохторҳои мақомот  иштирок намуда, каналу  чӯйборҳо  ба масофаи  1,8 км тоза, биноҳо 4850 м2 ва 5420 адад дарахтон сафед карда шуданд.

Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб

  Сари вақт бартараф намудани партовҳои бесоҳиб  зери назорати доимии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист қарор дорад.Бочуниниқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан ба истиқболи ҷашнҳои миллии дар пешистода, бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ дар ҷамоати деҳоти Ниҷонии даромадгоҳи партовгоҳи шаҳри Истаравшан партовҳои бесоҳиб ба миқдори 8 м3  бо истифода аз техника бартараф карда шуд.

Партовгоҳи ноҳияи Мастчоҳ хокпӯш карда шуд

 Баҳри амалӣ гардонидани нақша чорабиниҳо бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҷиҳати бењдошти вазъи санитарию экологї, пешгирии таъсири зарарноки партовњо ба саломатии инсон ва муњити зист аз тарафи  КДФ  «Хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ» партовгоҳи ноҳияи Мастчоҳ  хокпӯш карда шуд. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мастчоҳ масоҳати умумии партовгоҳ 5 гектар буда,  2 га  бо ҷалби техника ҳамвор ва хокпӯш гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.