Дар асоси мактуби Кумитаи иҷрои ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши экологии шунавандагони Мактаби захираҳои кадрҳои назди КИ ҲХДТ дар вилоят намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ёқубов Б.Ш. дар дарси омӯзишӣ таҳти унвони «Ҳифзи табиат омили саломатии ҷомеа» иштирок намуд. Мақсади асосии Мактаби захираи кадрҳо дар доираи татбиқи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», баланд бардоштани савияи дониши сиёсии мутахассисони ҷавони болаёқат мебошад. Намояндаи Сарраёсат ба шунавандагон доир ба сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи зиёда аз ду даҳсолаи охир ҷиҳати самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ, эътироф гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», дигар масъалаҳои экологӣ ва роҳҳои халли он, самтҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар самти ҳифзи муҳити зист баромад намуд. Рафти дарси омӯзишӣ аз тарафи шунавандагон вобаста ба экология, проблемаҳои ҷойдошта, таклифу пешниҳод баҳри беҳбудии муҳити зист дода шуд. Дар интиҳо аз тарафи намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ёқубов Б.Ш. ба намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ду ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Ҷамъбасти озмуни «Ҳифзи пирьяхҳои Тоҷикистон – омили сабзу хуррамгардонии шаҳру деҳоти кишвар» байни мактаббачагон
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд чорабинии супоридани диплом ва мукофотҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони озмуни даври ҷумҳуриявӣ ва диплому тўҳфаҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ба ғолибони озмуни даври вилоятӣ доир гардид. Дар он сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ғуфронзода Азиз, сардори Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерӣ Тиллоӣ Гулрухсор, директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Соҳибназаров Зикриддин, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ғуфронзода Азиз бо суханони ифтитоҳӣ барои иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати минбаъд ташаккул додани мавқеи фаъоли мактаббачагон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҷалби онҳо ба ҳалли муаммоҳои экологӣ изҳори ақида намуд. Сипас барои гирифтани ҷойҳои намоён аз рӯи 6 номинатсия - «Расми беҳтарин»,«Шеъри беҳтарин», «Сурати беҳтарин», «Ҳикояи беҳтарин», «Видеоролики беҳтарин» ва «Кори меъмории беҳтарин» 9 нафар хонандагон бо диплом ва туҳфаҳои пулии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23 нафар хонандагон бо диплом ва тӯҳфаҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят қадрдонӣ карда шуданд.
«Маданият ва масъулияти тозанигоҳдории мухити зист»
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ҷиҳати татбиқи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» баргузор намудани чорабиниҳои экологиро идома дода истодааст. Дар студияи ширкати телевизион ва радиои «СМ-1» бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ барномаи яксоата - ток шоуи «Печутоби замон» дар мавзўи «Маданият ва масъулияти тозанигохдории муҳити зист» бо иқдоми ташкилоти ҷамъиятӣ ба навор гирифта шуд. Дар оғози барнома наворҳои ҳолати баъзе аз минтақаҳои шаҳру ноҳияҳо, аз он ҷумла ҷӯйборҳо ҷиҳати партофтани партовҳо ба ҷойҳои ғайрирасмӣ пешкаши иштироккунандагон гардида, то ба охир расидани барнома оид ба камбудиҳои ба назар мерасида ва роҳҳои баланд бардоштани маърифати экологии бахусус ҷавонон сӯҳбату саволу ҷавоб идома ёфт. Барои пурмазмун ва таъсирбахш гузаштани барномаи телевизионии мазкур ба студия ғайр аз намояндагони сарраёсату ташкилоти ҷамъиятӣ, собиқадори соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳамчун коршинос, устодони донишгоҳ, омўзгорони Марказҳои таҳсилоти иловагии соҳаи маориф, донишҷӯён, рӯзноманигорон, ташкилоти сайёҳӣ, волонтёрон ва дигар ташкилоти ҷамъиятӣ даъват гардида, давоми барнома ҳамаи иштирокчиён нисбати мавзӯи асосӣ фикри худро баён намуданд. Боиси қайд аст, ки аз ҷониби аз ҷониби намояндаи сарраёсат ба ҳамаи дар студия нишастагон рўзномаи соҳавии «Инсон ва табиат» дастрас гардида, ҷиҳати минбаъд шинос намудани тамошобинон бо намудҳои нодири олами набототу ҳайвоноти Тоҷикистон ба китобхонаи ШТР «СМ-1» Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Баргузории аксияи экологӣ дар минтақаи истироҳатии ноҳияи Шаҳристон
Дар доираи Лоиҳаи «Баланд бардоштани маърифати экологӣ», ки аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд татбиқ гардида истодааст, бо ҷалби ризокорон, ҷавонон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони идораю муассисаҳо ва васоити ахбори омма давоми соли равон дуюм маротиба аксияи экологӣ дар минтақаҳои истироҳатии шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуд. Дар мавзеи Хуррамдараи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон бо мақсади тоза намудани минтақа аз партовҳои пластикӣ дар мавсими истироҳатӣ аксияи экологӣ ташкил ва баргузор гардид. Рафти аксия хонандагону омӯзгорон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Шаҳристон ва Б.Ғафуров, ҳамчунин волонтёрон, кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, хоҷагии ҷангал, намояндагони рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда», телевизиони вилояти Суғд ва хоҳишмандон аз нафароне ба истироҳат омада, дар маҷмўъ қариб 100 нафар иштирок доштанд. Мувофиқи барномаи аксия баъд аз қисми оғози чорабинӣ, иштирокдорон бо халта ва дастпушак таъмин гардида, ҳамагӣ 4 метри мукааб партовҳо, аз ҷумла зарфҳои пластикию шишагӣ ва халтаҳои полиэтилении аз ҷониби истироҳаткунандагон мондарафта ҷамъоварӣ карда шуд. Ҳамаи халтаҳои бо партовҳо пур гардида, бо воситаи нақлиёти боркашони хоҷагии ҷангал бароварда шуд. Дар рафти аксия гузоштани 2 адад қуттии декоративӣ барои ҷойгиронии муваққатии зарфҳои пластикӣ аз ҷониби истироҳаткунандагон хуб арзёбӣ гардид.