Аёдати оилаҳои собиқадороне, ки айни ҳол дар ҳаёт нестанд

  Дар арафаи Рӯзи байналмилалии муҳити зист сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз ва собиқадори соҳа Султонов Абдуазиз оилаҳои собиқадоронеро,  ки айни ҳол дар қайди ҳаёт нестанд аёдат намуданд. Ҳомидов Аъзам тайи 24 сол - аз соли 1988 то соли 2012 ҳамчун сармутахассиси соҳаи об то сардори шуъбаи ҳифзи захираҳои об дар Раёсат фаъолият бурдааст. Мухамедҷонов Султонмурод давоми 16 сол -  фаъолияташро аз соли 1989 ҳамчун аввалин сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд оғоз намуда, то соли 2005 чун сардори шуъбаи экспертизаи давлатии экологӣ фаъолият бурдааст. Мамадҷонова Мавҷуда аз соли 2013 то соли 2016 дар вазифаи сармуҳосиб фаъолият бурда, ҳангоми сафари хизматӣ вафот намудааст.

Кӯмаки моддӣ дар арафаи Рӯзи байналмилалии муҳити зист

  Дар арафаи Рӯзи байналмилалии муҳити зист ҷиҳати дастгирии моддӣ ба кормандони техникӣ кӯмаки маводи ғизоии навбатӣ ба монанди орд, шакар, равған, макарон, тухм ва биринҷ  расонида шуд. Чунин кӯмакҳо аз ҷониби Сарраёсат ва зерсохторҳои он дар арафаи иду айёмпайваста роҳандозӣ мегардад.

Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз Ғуфрон ба муносибати 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист

  Кормандони мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат ҳар сол санаи 5 июн иди касбии худро қайд менамоянд. Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида мешавад, зеро ҳамасола дар кишварҳои гуногун чорабиниҳои расмӣ доир мегарданд, ки ин ба ҷалби тамоми аҳли ҷомеа ба муаммоҳои мубрами экологии кишварҳо кӯмак ва саҳмгузорӣ менамояд. Таъмини амнияти экологии ҷомеа аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, барои бори дигар ҷалб намудани таваҷҷўҳи оммаи васеъ ба масоили экологӣ имконияти хубест. Таҳти сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи зиёда аз ду даҳсолаи охир ҷиҳати самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ҳамчун захираи бунёдии оби ошомидании тоза, поку беолоиш нигоҳ доштани муҳити атроф, дарёфти роҳҳои ҳалли норасоии об дар сайёра талошҳои зиёд ба харҷ дода мешавад. Боиси ифтихори мост, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, марбут ба обу иқлим эътироф шуда, соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» якдилона қабул  гардид. Дар ин соли таърихӣ иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”  шоистаи тазаккур аст.

Рейди фаврӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ

   Ҳангоми гузаронидани рейди фаврии муштарак аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ашт дар ҳамҷоягӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд,   дар ҳудуди  ноҳияи Ашт ҷамоати деҳоти Шодоба автомашинаи тамғаи Опел, ки аз самти ҷамоати деҳоти Ориён ба самти деҳоти Қаҳрамон ҳаракат мекард, манъ карда шуда  дар бағочи  автомашина 8 адад моҳии навсайдшуда ошкор гардид. Дар натиҷаи азназаргузаронӣ маълум гардид, ки  шаҳрванд  Содиқов А.О. - сокини н.Ашт, ҷамоати деҳоти Ориён, деҳаи соҳили сир, дар давраи манъи сайди моҳӣ ғайриқонунӣ бо шикори моҳӣ машғул шудааст. Арзиши зарари ба муҳити зист расонидашуда, тибқи замимаи №8-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 790 аз 31.12.2014 сол 5440 сомониро ташкил дода, аз тарафи  прокуратураи ноҳияи Ашт парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.