Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ҳамкории зич дошта, дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» бо мақсади таъмини ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ, ҳамзамон таҳияи лоиҳаҳои хурд бо гурўҳи кории шаҳри Истиқлол оид ба масъалаҳои экологӣ машварати корӣ баргузор гардид. Тибқи нақша, дар соли ҷорӣ чунин чорабинӣ се маротиба пешбинӣ гардида, дар рафти кори вохўрии дуюм намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муассисаҳои таълимии соҳаи маориф, хоҷагии манзилию коммуналӣ, корхонаи обу корезӣ, кумитаҳои маҳаллӣ ва скинони фаъол иштирок намуданд.
Ба сӯзиши хазон роҳ надиҳед!
Сўзонидани партов ва баргҳои дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳо, майдону боғҳо ва гулгашту боғҳои фарҳангу фароғатӣ қатъиян манъ аст. Фасли тирамоҳ дар баробари фасли заррин будан, боз мушкилотҳоеро ба миён меорад, ки кормандони соҳаи коммуналӣ барои халосӣ аз он танҳо як “усул” -ро ба кор мебаранд, ки ин сўзиши хазон мебошад. Мутобиқ ба таҳлилҳои мутахассисони соҳаи муҳити зист роҳ додан ба сўзонидани партов боиси хурӯҷи касалиҳои диққи нафас гардида, нороҳатии шаҳрвандонро ба миён меорад. Таъкид менамоем, ки дар қатори дигар партовҳои аз рӯзгор ҳосилшаванда барги хазоншуда низ ба партов табдил меёбад ва дар бисёр ҳолатҳо барои аз партовҳо раҳоӣ ёфтан кормандони соҳаи коммуналӣ ва дигар шахсони вобаста шуда, ба оташ задани барги хазонгашта даст мезананд.
Вохӯрӣ бо маорифчиёни вилояти Суғд
Дар толори Раёсати маорифи вилояти Суғд вохӯрии намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд бо омӯзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин кормандони масъули Раёсати маориф баргузор гардид. Вохӯрии мазкур бо мақсади амалӣ гардонидани «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» пешбинӣ гардида, дар рафти чорабинӣ аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист маълумот оид ба натиҷаҳои яксолаи иҷрои Барнома пешкаши иштирокдорон гардид. Махсусан қайд гардид, ки ҳамкории судманд бо ташкилоти ҷамъиятӣ ба амалӣ гардидани як қатор чорабинию муҳимаш ба чоп расонидани 1500 нусха китобчаи худи Барнома ва то ҳол бо забони русӣ 450 нусха дастурамали «Раҳнамо оид ба таълими иловагии экологӣ» оварда расонид.
Вохӯрӣ ҷиҳати мустаҳкам намудани дониши назариявии экологии донишҷӯён
Дар доираи амалӣ гардидани нақша чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», бо мақсади мустаҳкам намудани дониши назариявӣ, соҳиб шудан ба маҳорати касбӣ-амалӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, вохӯрӣ бо донишҷӯёни курси 4-и ихтисоси «экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ»-и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ доир гардид. Дар рафти вохӯрӣ аз тарафи мутахассисони соҳа Собиров Ҳ.Ф., Саидов Х.М. ва Ёқубов Б.Ш. доир ба сохтори мақомоти ҳифзи муҳити зист, дар бораи қонуну кодексҳои амалкунандаи соҳа, назорати давлатии самтҳои ҳифзи муҳити зист, вазифаҳои асосии шуъбаҳо, таъсири манфии ифлосшавии ҳавои атмосфера, муомилот бо партовҳои пластикӣ ва муаммоҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо, олами набототу ҳайвоноти нодир ва зери маҳвшавӣ қарордоштае, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд ва дигар маълумотҳо пешкаши донишҷӯён гардид.
Дар интиҳо донишҷуён ба саволҳои худ оид ба сабаби шинонидани дарахти арча ва аҳамияти он ба муҳити зист, таъсири корхонаҳои калони саноатӣ ба муҳити атроф, бештар гузаронидани вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳӣ байни донишҷӯён ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.