Пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт

   14 декабри соли ҷорӣ Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи онро қабул кард. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Қобили қайд аст, ки моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо ин мақсад, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла: эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо, дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш. Душанбе. Қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр намудааст.

11 декабр – Рӯзи байналмилалии куҳсор

   Ҷумҳурии  соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар ақсои олам пеш аз ҳамачун диёри кӯҳсор мешиносанд. Ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба хубӣ медонад ва ифтихор дорад, ки 93 фоизи масоҳати ҷумҳурӣ аз кӯҳҳои сар бафалак иборатанд. Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон тамоми элементҳои  ҷадвали даврии Менделеевро дарёфт намудаанду хоса дар манотиқи куҳсор ганҷҳои бепоён нуҳуфтаанд. Дар кишвари мо силсилакӯҳҳои баландтарини олам - Помир, Тиёншон ва Олой ба ҳам меоянд. Аз ҳама ганҷҳои бебаҳои табиати кӯҳҳои сарсафед оби мусаффо буда, қариб 1000 дарёҳои дарозиашон аз 10 км зиёд, 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ маҳз аз кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Табиатдӯстони олам бо қарори 57-умини Ассамблеяи генералии СММ  ҳамасола санаи 11 декабрро бо мақсади тарғиби аҳамияти рушди устувори манотиқи кӯҳсор ҳамчун рӯзи байналмилалии куҳсор ҷашн мегиранд. Азбаски кӯҳҳо 27 фоизи хушкии сайёраамонро ташкил медиҳад  ва қариб  15  фоизи аҳолии кураи арз дар манотиқи кӯҳсор умр ба сар мебаранд, СММ ҳадафи таҷлили рӯзи кӯҳсорро тарғиби рушди устувори минтақа мешуморад. Ҳудуди вилояти Суғд асосан аз кӯҳҳо иборат мебошад. Аз тарафи шимол қаторкӯҳҳои Қурама (баландиаш то 3769 м), аз тарафи ҷануб қаторкуҳҳои Туркистон (баландиаш то 5509 м) ва хамгашти шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир шудааст.

Амалиёти назоратӣ оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик

  Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии назоратӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик 2 нафар шаҳрвандон ҳангоми сайди ғайриқонунии моҳӣ аз ҷониби нозирони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд боздошт гардиданд. Дар минтақаи Шўркўли обанбор сокини шаҳри Хуҷанд Турсунов Рустам бо 20 метр тӯр ва қаиқи резинӣ,  ҳамзамон сокини ноҳияи Б.Ғафуров Шарипов Мирзоилҳом бо 20 метр тӯр боздошта, олотҳои моҳидории мазкур муваққатан мусодира карда шуданд. Нисбати ин ду нафар бо дастрасии моддаи 208 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб дода шуд. Амалиёти назоратӣ дар минтақаи Ќўқуроқи обанбори Баҳри Тоҷик идома ёфта, дар натиҷа 150 метр тўрҳои бесоҳиб ошкор гардид ва несту нобуд карда шуд. Боиси қайд аст, ки аз дохили тўрҳои нафарони боздоштгардида ва тӯрҳои бесоҳиб 5 сар суфмоҳӣ ва 14 сар нуқрамоҳӣ, дар маҷмӯъ 19 сар моҳии ғайриқонуни сайдшуда ошкор гардидааст. Дар самти истифода ва ҳифзи захираҳои моҳӣ нозирони шуъбаи сарраёсат мунтазам назорати давлатиро дар баробари баргузории корҳои фаҳмонидадиҳӣ байни моҳидорони ҳаваскор амалӣ менамоянд.

Ташкил ва гузаронидани лагери зимистонаи экологӣ дар шаҳри Гулистон

   Бо мақсади амалӣ гардонидани «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят чорабиниҳои гуногунро якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд мунтазам мегузаронад, ки онҳо дар дарки маърифати нав дар соҳаи ҳифзи муҳити зист саҳми арзанда гузошта, минбаъд ба ҳалли муаммоҳои экологӣ мусоидат менамоянд. Боиси қайд аст, ки баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ яке аз равандҳои асосӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб рафта, дар самти мазкур бисёр корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд. Оғоз аз санаи 30 ноябр то 3 декабри соли ҷорӣ, дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон лагери зимистонаи экологӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар лагери экологии мазкур донишҷўён, ҷавонон, журналистони ҷавон, фаъолони экологӣ, блогерон, намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ аз вилоятҳои Суғду Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе, ҳамагӣ 21 нафар иштирок доштанд. Дар давоми се рўз ба иштирокдорони лагер коршиносону мутахассисони сарраёсат, устодони Донишгоҳҳои олӣ, намояндагони ВАО, дигар нафарони бо журналистика ва омодасозии лоиҳаю наворҳои иҷтимоӣ вобаста дар мавзўҳои гуногун маълумот пешниҳод намудан.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.