Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  Санаи 24 ноябри соли 2022, кормандони сарраёсат дар роҳпаймоӣ иштирок намуданд, ки он ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамзамон, дар толори маҷлисгоҳи сарраёсат бахшида ба ин санаи муҳими сиёсӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ўрунбоева М.Х. ва роҳбарияту кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилоят маҷлис доир гардид. Сардори сарраёсат Ҳакимзода А.Қ. бо суханони ифтитоҳӣ маҷлисро ҳусни оғоз бахшида, мақсади аз рӯзи ид муайян гардидани санаи 24 ноябр ва дар тақвими иду ҷашнвораҳои миллии кишварамон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабт гаштани боз як санаи таърихӣ - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдоронро ёдоварӣ намуд. Дар навбати худ муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ўрунбоева М.Х. бобати моҳият ва тартиби истифодаи расмии парчами давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» ва таърихи парчам ибрози ақида намуд. Дар интиҳои маҷлис сардори сарраёсат бори дигар Рӯзи парчами давлатиро ба ҳамаи иштирокдорон табрику муборакбод гуфта, ба меҳмон барои ташриф миннатдорӣ баён намуд. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки бо мақсади баргузор намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони шуъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои таблиғотӣ доир гардидааст.

Ошкор намудани сайди ғайриқонунии моҳӣ

 Ҳангоми аз ҷониби нозирони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд гузаронидани санҷиши фаъолияти моҳидории ҶСК «Таъминоти моҳӣ»-и шаҳри Гулистон муайян гардид, ки моҳидори ҷамъияти мазкур Мамадҷонов Мурод, сокини ҷамоати деҳоти Маҳрами шаҳри Конибодом, сайди моҳиро бо тўрҳои майдаи ба талабот номувофиқ гузаронида, дар натиҷа 244 сар моҳии ғайриченак сайд кардааст. Нисбати моҳидор Мамадҷонов М. маводи зарурӣ, аз ҷумла ҳисоби маблағи ба табиат расонидашуда, хулосаи ихтиологӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо тартиб ёфта, тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда барои чораандешӣ ба Суди шаҳри Конибодом ирсол мегардад. Ҳамзамон, ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврии шабонарўзии назоратӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик ва атрофи он, дар минтақаи Маҳрам ҳодисаи хариду фурўши 965 сар моҳии навсайдшуда ошкор гардид, ки ин моҳӣ низ ғайриченак буда, бидуни талабот сайд карда шудааст.

Пешгирии шикори ғайриқонунии парандаҳои хушхон

  Тибқи нақшаи корӣ нозирони шуъбаҳои сарраёсат назорати давлатиро дар самтҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаҳои гуногуни миқёси вилоят амалӣ менамоянд. Бо ин мақсад, ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ дар мавзеи партовгоҳи шаҳри Истиқлол 2 нафар сокини шаҳри Хуҷанд боздошт гардиданд, ки бо шикори ғайриқонунии парандаи хушхон, аз ҷумла саъба машғул буданд. Нисбати онҳо бо дастрасии моддаи 208, қ.1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб дода шуд.

Аксияҳои экологӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Бо  истифода аз обу ҳавои мусоид, бахшида ба  30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд, дар шаҳру  ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Спитамен ва Ҷ.Расулов аксияҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуд.  Аксияҳои мазкур асосан бо мақсади тоза намудани шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, кўчаҳои протоколӣ ва минтақаи шаҳрии соҳили дарёи Сир аз партовҳо баргузор гардида, дар рафти онҳо намояндагони муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту идораҳо, нуқтаҳои савдо ва тиҷорат, шаҳрвандон ва сокинони ҷамоати шаҳраку деҳот, ҳамагӣ беш аз 2 ҳазор нафар фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷа 5,1 км ҷуйборҳои қадди роҳ, 3 км соҳилҳои обӣ ва зиёда аз 3 ҳазор метри мураббаъ ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин аз партовҳои гуногун тоза гардида, дар баробари ин корҳои сафед кардану рангубори қадди роҳҳои пиёдагард ба сомон расонида шудааст. Ба партовгоҳҳо 16,9 метри мукааб партовҳо интиқол гардидааст. Боиси қайд аст, ки дар баробари ин дар шаҳри Исфара бо истифода аз техникаи махсус партовҳои бесоҳиби атрофи партовгоҳи шаҳрӣ бартараф карда шуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.