Аз ҷониби нозирони шуъбаи назорати давлатӣ ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба афзоиши табиии захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли ҷорӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик амалиётҳои фаврии шабонарӯзӣ гузаронида шуда истодааст. Ҳангоми гузаронидани яке аз чунин амалиётҳои шабона, дар минтақаи Маҳрами обанбори Баҳри Тоҷик ду нафар истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти Куҳандиёри шаҳри Конибодом – Муродов Муҳаммад ва Мирхаёлов Одил, ки бо сайди ғайриқонунии моҳӣ машғул буданд боздошт гардиданд. Барои сайд намудани 34 сар моҳӣ санад тартиб дода шуда, мавод бо хулосаи ихтиологӣ барои андешидани чораҳо ба прокуратураи шаҳри Конибодом супорида шуд. Бо дастрасии моддаи 230-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин ду шаҳрванд парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар айни замон дар ҳолати баррасӣ мебошад ва ҷиҳати пешниҳод ба мақомоти судӣ корҳои омодагӣ амалӣ шуда истодааст. Тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2022, № 38 «Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022» корбарӣ пурзӯр ва идома дода мешавад.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Истиқлол
Баҳри иҷрои нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлил ва ахбороту иттилоот ва шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Сарраёсат дар кӯчаи Шириншо Шотемур-и шаҳри Истиқлол амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 25 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент
Мувофиқи нақшаи корӣ, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент бо ҳамкории кормандони шуъбачаи экологӣ ва сайёҳии ВКД дар водии Зарафшон дар шоҳроҳи Айнӣ - Панҷакент, ҷамоати деҳоти Чинор амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 30 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 1 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.
Баргузории аксия бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Замин дар ноҳияи Ашт
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Замин дар ҷамоати шаҳраку деҳоти Ашт, Понғоз ва Ошобаи ноҳияи Ашт аксияи «Тозагии замин» баргузор гардидааст. Аксия мазкур бо мақсади тоза намудани сойҳо аз партовҳои бесоҳиб ташкил гардида, дар рафти чорабинӣ ба ғайр аз намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия кормандони ташкилот, муассиса доираи васеи сокинони маҳаллаҳо, дар маҷмуъ беш аз 630 нафар иштирок намуданд. Дар натиҷа ҳудуди сойҳо аз партовҳои гуногун, аз ҷумла партовҳои пластикӣ тоза гардида, зиёда аз 7,3 метри мукааб партовҳои бесоҳиб бароварда шудааст.