Обмонии дарахтон дар фасли гармо

 Баҳри иҷроиши барқияи фаврии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2024, таҳти 3/12-05-1954 бо мақсади аз хушкшавӣ нигоҳ доштани ниҳолҳо дар ҳарорати баланди ҳаво обмонии шабонарӯзӣ ташкил карда шуд. Бино ба маълумоти  бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби Муассисаи давлатии Раёсати “Хоҷагии манзилии коммуналӣдар ҳудуди тамоми кӯчаҳои шаҳр, хиёбону гулгаштҳо ва дарахтони дар канори кӯчаҳо мавҷуд буда, аз он ҷумла, дар кӯчаҳои Ф.Ниёзӣ, Бобоҷон Ғафуров, Н.Ҳувайдуллоев, Сулҳ, маҳаллаи Ғалаба ва маҳаллаи Наврӯз обмонии шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, дар ин самт ҳамарӯза корбарӣ идома дода мешавад.

Нишасти хабарии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 2 августи соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият  дар  нимсолаи якуми соли 2024 доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқатӣ», «Ризқофарин»,  «Нилуфар», «Кайҳон», «Сайҳун», «Соҳил», «Саломат бошед», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия Плюс, «Озодӣ», «Сугднюс», «Спутник», телевизионҳои  Суғд,  ШТР «Азия», «Синамо», «7 Ситора», радиоҳои «Пайванд», «Шаҳри ман» дар маҷмӯъ 29 нафар намояндагон иштирок доштанд.      

Аксияи “Тозагии соҳил” дар обанбори Баҳри Тоҷик

  Бо мақсади иҷрои барқияи фаврии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сазовор пешвоз гирифтани 33-солагии Истиқлоли давлатии ҶумҳурииТоҷикистон, дар шароити мусоид нигоҳ доштани минтақаҳои муҳофизатии обанборҳо ва паст намудани таъсири манфӣ ба онҳо, бо ҷалби табақаи васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма дар обанбори Баҳри Тоҷик аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шуд. Чорабинӣ  аз ҷониби шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияи Гулистон, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров бо иштироки беш аз 600 нафар шаҳрвандон, кормандони корхонаву ташкилот  ташкил карда шуд. Ҷараёни аксия 4 км соҳили обанбор азалафҳои бегона ва партовҳои гуногун тоза карда шуда, 18 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ тавассути нақлиётҳоимахсусикоммуналӣ ҷойгиронидашуданд. Рафти аксия тариқи телевизиони Тоҷикистон ба навор гирифта шуд.

Гузаронидани вохуриҳои иттилоотӣ ва роҳандозӣ намудани ҳамкории доимӣ бо эковолонтерон ва дӯстдорони табиат

Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, гузаронидани вохуриҳои иттилоотӣ ва роҳандозӣ намудани ҳамкории доимӣ бо эковолонтерон ва дӯстдорони табиат яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад гурӯҳи эковолонтерон дар доираи лоиҳаи идоракунии партовҳо «Экопроактив» бо дастгирии  Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд  дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати  шиносоӣ аз ҳолат ва фаъолияти партовгоҳи КВДК шаҳри Хуҷанд бо иштироки эковоленторон, блогерхо ва фаъолон – дӯстдорони табиат  экскурсияи омӯзишӣ  ташкил намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.