Ифтитоҳи бинои нави бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бўстон

Баҳри таъмини иҷрои бандҳои 256 ва 278-и қарори Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтмони бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бўстон соли 2020 оғоз гардида, санаи 30 июли  соли 2021 дар доираи ташрифи меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ карда шуд. Майдони умумии ҷудо гардида 6 сотиқро ташкил намуда, майдони зери бино 212 метри мураббаъ мебошад. Бинои бахш аз се ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум – маҷлисгоҳ, китобхона ва утоқи таҷҳизотҳои назорати аналитикӣ ҷойгир карда шудаанд. Маҷлисгоҳ 52 ҷойи нишаст дошта, китобхона барои 1000 адад китобҳои адабиёти гуногун ва бо компютер таҷҳизонида шудааст, ки дар он китобхонаи шакли электронӣ насб гардидааст. Утоқи таҷҳизотҳои назорати аналитикӣ барои ҷойгиронии таҷҳозотҳои ченкунии сифати ҳавои атмосфера, об, хок ва радиатсия, ки ҷиҳати гузаронидани мониторинги экологӣ истифода карда мешаванд, ҳамагӣ 8 адад таҷҳизот.

Насби овезаи экологӣ дар ноҳияи Айнӣ

  Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ дар қадди шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ, ки ҳамарўза ҳамчун минтақаи сернақлиёти мусофиркашон ба ҳисоб меравад овезаи экологиро бо навиштаҷоти «Тоҷикистон дар арсаи байналмилати ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст» насб намуд. Иқдоми мазкур бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Дар шаҳри Конибодом овезаи экологӣ насб гардид

  Аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом дар кўчаи Камоли Хуҷандӣ, дар назди баромад ба хиёбони марказии шаҳр  овезаи экологӣ насб гардид. Ин иқдом бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Ҳадаф аз насб намудани овезаҳои тарғиботӣ баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист, нигоҳдорӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ маҳсуб меёбад.

Насби овезаи экологӣ дар шаҳри Гулистон

  Аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон дар маҳалаи Сарбанди шаҳр, гардиши осоишгоҳи «Баҳористон» овезаи экологӣ, тибқи супориши Кумита бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028  насб гардид. Ин иқдом бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Ҳадаф аз насб намудани овезаҳои тарғиботӣ баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист, нигоҳдорӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ маҳсуб меёбад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.