Мизи мудаввар - «Ояндаи бидуни пластикӣ»

 Санаи 4 августи соли равон дар толори меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар таҳти унвони «Ояндаи бидуни пластикӣ» баргузор гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки таъсири партовҳои пластикӣ ба муҳити зист ҳамчун муаммои экологии даҳсолаи охир дар ҷаҳон ба шумор рафта, дар айни замон характери глобалӣ пайдо кардааст. Мизи мудаввари мазкурро намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии «Сафи» баргузор намуданд ва тибқи даъват намояндагони як қатор ташкилоти ҷамъиятӣ, ҷамъияти маъюбон ва мағозаҳои калони хўроквории шаҳру ноҳияи Хуҷанд, Истаравшан, Б.Ғафуров, коргоҳи коркарди дуюмбораи партовҳои пластикӣ ҶДММ «Тоҷпет», васоити ахбори омма, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва дигар ташкилоти ба амалӣ гардидани лоиҳа ҷалбшуда ҳузур доштанд. Дар рафти чорабинӣ муҳокимаи қадамҳои иваз кардани халтаҳои полиэтиленӣ ба халтаҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дастгирии истеҳсолоти хурд барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, таъсири партовҳои пластикӣ ба муҳити зист, аҳамияти коркарди такрории партовҳои пластикӣ ва дигар масъалаҳое, ки ба бехатарӣ ва амнияти экологии инсон, беҳтар намудани сифати зиндагӣ ва пешгирии роҳҳои ифлосшавии муҳити зист бахшида шудааст, амалӣ гардид. Боиси қайд аст, ки чорабиниҳои мазкур ва минбаъда дар доираи лоиҳа гузаронида шуда, аз тарафи Барномаи грантҳои хурди Фонди глобалии экологӣ ва Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон дастгирӣ карда мешаванд.

Аксияи «Тозагии роҳ» дар ноҳияи Ҷ.Расулов

  Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ барои ташрифи меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд дар ҷамоати деҳоти Деҳмой аксияҳои экологии умуминоҳиявӣ доир гардид. Дар маҷмўъ, рафти аксияҳо беш аз 800 нафар намояндагони ташкилоту муассиса, идора ва сокинони ҷамоат иштирок намуданд. Як қатор корҳо дар доираи аксияи «Тозагии роҳ» ба сомон расонида шуд, ки зиёда аз 6 км қаддӣ шоҳроҳи Ҷ.Расулов – Конибодом аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза ва 14 метри мукааб партовҳо дар партовгоҳи ноҳия ҷойгир гардид. Тибқи нақшаи пешбинигардида, рўзҳои наздик аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов дар қаддӣ шоҳроҳи мазкур 200 бех ниҳоли дарахтони ҳмешасабзи санавбар шинонида мешавад.

Насби овезаи экологӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

   Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ғафуров, назди бозори марказии «Фаровон», ки ҳамарўза ҳамчун минтақаи серодам ба ҳисоб меравад овезаи экологиро бо навиштаҷоти «Табиати Тоҷикистон – макони сайёҳии экологӣ» насб намуд. Иқдоми мазкур бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Дар ноҳияи Ашт аксияҳои экологӣ баргузор гардид

  Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт аксияҳои «Тозагии роҳ» ва «Тозагии маҳал»  гузаронида шуд. Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия зиёда аз 250 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт дар аксияҳо фаъолона иштирок карда, корҳои назаррас, аз он ҷумла тоза намудани 4 км ду тарафи канори роҳи нақлиётгард аз ҳар гуна партовҳо амалӣ гардид. Ҳамчунин, дар рафти аксия 2,5 тонна партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.