Аксияи «Тозагии соҳил - 2021» дар соҳили Сирдарё

  Тибқи нақшаи корӣ, бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист, сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштани вазъи экологии дарёҳо, санаи 3 июли соли равон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сохторҳои он дар соҳили дарёи Сир аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.

Ба истифода додани манзили истиқоматӣ дар деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара

  Тибқи супориш ва дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти  вилояти Суғд ба сокини деҳаи Чоркуҳ  маҳаллаи Сомониён-и  шаҳри Исфара манзили истиқоматӣ сохта пурра ба истифода дода шуд.  Манзили истиқоматӣ барои як оила  иборат аз ду хона ва долон дар муддати кӯтоҳ бунёд гардида, бо тамоми ҷиҳози зарурӣ, аз чойник то мошинаи ҷомашӯӣ, яхдону телевизор, тафдон, дарзмол, қолину пардаҳо  ва ашёҳои хоҷагидорӣ таъмин мебошад. Сокини деҳаи Чоркӯҳ аз таваҷҷуҳи хосаи Президенти мамлакат миннатдории худро баён намуда, ба роҳбарияти давлату Ҳукумат изҳори сипос намуданд.

Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

  Ҳанӯз 24 сол муқаддам санаи 27 июни соли 1997 бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид. Мардуми сарбаланди тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳони садоқат, имон ва талоши суботу оромӣ сарбаландона гузашта тавонист. Дар таърихи навини давлатдориамон маҳз расидан ба ваҳдати миллӣ ба таҳкими давлатдории миллӣ, баланд шудани эътибори байналмилалии давлатамон, хештаншиносии мардуми тоҷик ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ мусоидат намуд. Ба шарофати Ваҳдати миллӣ дар муддати ин солҳо корҳои зиёди ободониву созандагӣ дар кишвар ба анҷом расиданд. Аз ҷумла дар самти ҳифзи муҳити зист низ дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд, ки барои беҳбуд бахшидани фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.

Вохӯрӣ дар Маркази бозомӯзии шаҳри Панҷакент

  Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», иҷрои нақшаи корӣ ва баҳри ҳифз ва самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ дар Маркази бозомӯзиишаҳриПанҷакент бо намояндагони идораи бехдошти замин ва обёрӣ, истифодабарандагони об ва сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Вору вохӯрӣ гузаронида шуд. Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент ба иштирокчиён оид ба роҳ надодан ба пармакунии ғайриқонунии чоҳи амудӣ, самаранок истифода бурдани обҳои полезӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо ҳангоми истифодабарии обҳои зеризаминӣ бе иҷозати истифодабарии махсус ва дигар масъалаҳо вобаста ба об корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронид. Иштирокчиён низ ба саволҳои худ вобаста ба истифодабарии захираҳои об ҷавобҳои мушаххас гирифтанд ва гузаронидани чунин вохӯриҳоро саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.