Тозагии муҳити зист-кафили солимии аҳолӣ

 Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар доираи сазовор истиқбол ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр бо ҷалби кормандони касбу кори гуногун шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд. Дар ин шанбегӣ гӯшаву канори шаҳр аз ҳамагуна партовҳо тоза карда шуда, ба муҳити атроф ҷилои нав бахшида шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки бо мақсади тақвияти корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ва шоиста истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи корӣ ситоди доимӣ ва гурӯҳҳои корӣ фаъолият доранд, ки саҳми онҳо дар татбиқи раванди ободонию созандагӣ, маданияти шаҳрдорӣ, тарғиби маърифати экологӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим муассир аст.

Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Ҷ.Расулов

     Ҷиҳати тозаву обод намудани муҳити зист, ба истиқболи 30  солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ҷ.Расулов дар селроҳаҳои "Исфанасой"-и ҷамоати деҳоти Ғулакандоз селроҳаи "Томчисой"-и ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳия  аксияи "Тозагии соҳил" гузаронида шуд. Дар аксия  4 адад техника истифода бурда шуда, зиёда аз 500 нафар ҳашарчиён аз ҷумла,  намояндагони соҳаи маориф, аҳолии деҳаҳоиГулакандоз, ҷамоати Сомониён иштирок намуда, 28 м3 партовҳо бароварда шуд.

Вохӯрӣ бо донишҷӯён дар ДДҲБС Тоҷикистон

Бахшида ба эълон гаштани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва баҳри  омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  вохӯрии мутахассиси  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо донишҷӯён ва устодон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ бобати Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои соли сипаришуда, нишондиҳандаи асосӣ - буҷаи давлатӣ дар муқоиса бо солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар, кам гардидани сатҳи камбизоатӣ, лоиҳа ва грантҳои амалкунанда, тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо, ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баромад карда шуд.

Паём – қутбнамои ҷомеа

Тибқи нақшаи тасдиқгардида, бо мақсади  омӯзиши матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлисгоҳи ҷамоати Чорухдайрони ш.Гулистон  санаи 13 январи соли равон вохӯрӣ доир гардид. Дар он вакилон, намояндагони сохторҳои  маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳо  иштирок доштанд. Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Гулистон  оид ба самтҳои асосии Паёми имсола, дастовардҳои соли сипаришуда, тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо, ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дар бораи эълон шудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” сухан кард.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.