Бартараф намудани партовгоҳи ғайрирасмӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов

    Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ҷ.Расулов  ба истиқболи  30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати  экологӣ тариқи ҳашар бо иштироки аҳолии деҳа ва истифодаи 4 адад техника дар ҷамоати Гулакандози ноҳия  2  партовгоҳҳои ғайрирасмӣ  бартараф  карда  шуд. Рафти ҳашар 24 метри мукааб партовхо ба партовгохи марказии ноҳия бароварда шуд.

Маърифатнокии ҷомеа

Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истиқлол ҷиҳати  баланд бардоштани дониш ва маърифати экологии  насли наврас , бо мақсади иттилоотонидани онҳо бо хабару маълумотҳое, ки ба ҳифзи муҳити зист алоқаманданд, имсол муассисаҳои таълимии шахр ба рӯзнома ва маҷаллаи  «Инсон ва табиат» ва «Ҳифзи табиат» обуна гардиданд. Дирӯз дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 3 шаҳри Истиқлол дар дарси экологияи синфҳои болоӣ вохӯрии мудири бахши ҳифзи муҳити зист Ғозиев А.  бо хонандагон гузаронида шуд.

Озмуни «Ҳафтранг» дар байни кӯдакистонҳои ноҳияи Зафаробод

Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Зафаробод ҳамҷоя бо шуъбаи маориф ва бахши фарҳанги ноҳия дар асоси нақшаи чорабиниҳо  бахшида ба эълон гардидани «Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва рамзҳои давлатӣ  озмун ва намоиш дар байни кӯдакистонҳои ноҳия ташкил ва гузаронида шуд. Озмун аз рӯи номинатсияҳои «Табиати зебои диёр» ва «Рамзҳои давлатӣ» баргузор гардида, ғолибон бо ифтихорномаҳои шуъбаи маориф ва туҳфаҳои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Хуҷанд

 Бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар қадди роҳҳои даромади Боғи таҷдидшавандаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо шинонидани ниҳолҳои ороишӣ ба маъракаи ниҳолшинонӣ ҳусни оғоз бахшида шуд.  Раиси шахр  ҳамроҳи кормандони сохторҳои Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии коммуналию манзилии шаҳр дар роҳи даромади Боғи фарҳангӣ-фароғатии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ аз ҷониби хиёбони Раҳим Ҷалил беш аз 60 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи санавбар шинониданд. Бояд қайд намуд, ки корҳои азими созандагию бунёдкорӣ дар атрофи Боғи фарҳангӣ-фароғатии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бомаром идома дорад. То имрӯз як қисми пайроҳаҳои атрофи боғ сафолакпӯш гардида, ҷӯйборҳо бо усули мусоир азнавсозӣ шуданд. Шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишӣ дар ин мавзеъ оянда низ идома ёфта, дар моҳҳои наздик ин минтақа ба яке аз ҷойҳои истироҳатию фароғатии шаҳрвандон мубаддал хоҳад шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.