Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Зафаробод

    Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод низ корҳои ободонӣ бомаром идома дорад. Дар  шанбегии умуминоҳиявӣ, ки бо иштироки зиёда аз 120 нафар кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир гардид корҳои ободонӣ, шинонидани ниҳолҳо гузаронида шуд. Ҳамчунин дар канори роҳи мошингарди  Зафаробод – Хуҷанд ҳашари ниҳолшинонӣ бо иштироки раиси ноҳия  баргузор гардида,  зиёда аз  400 бех ниҳолҳои хамешасабзи туя  шинонида шуд.

Маърифати экологӣ пояи рушди устувор

Баланд бардоштани маърифати экологӣ, гузаронидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист  маҳсуб меёбад. Дар доираи нақшаичорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» гузаронидани вохӯриҳо дар  донишкадаву литсейҳо  ба ҳукми анъана даромадааст. Санаи 28 январи  соли  равон дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд» вохўрии намояндаи Раёсат бо хонандагону омўзгорон доир гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ и.в.директори литсейи мазкур Холматов М.Р. оид ба иштироки фаъолонаи хонандагони муассиса дар чорабиниҳои экологӣ баҳри беҳбудии муҳити зист  баромад намуд.

Амалиёти фаврӣ дар ноҳияи Масчоҳ

    Тибқи нақшаи корӣ, ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ  муайян гардид, ки аз тарафи сардори хоҷагии деҳқонии "Виткун"-и ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ АХД ба номи Ю.Вафо  Мирзоев Ҷалол худсарона аз хати ҷангали ҳудуди х\д "Виткун" 4 адад дарахти намуди  садаро  бурида аст. Дар натиҷа нисбати сардори хоҷагии деҳқонии «Виткун» тибқи моддаи 242 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, товони зарар ба маблағи 928 сомонӣ пешниҳод  гардид.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ш.Конибодом

Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 - солагии давлатии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом дар назди пойгоҳи обкашии «Маҳрам» бо ҷалби кормандони идораи хоҷагии об  ва истифодаи техникаҳо аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксия заминҳои назди насоси обкашӣ ба масоҳати 1,5 га тоза карда шуда, заҳбури байнихоҷагӣ ба масофаи 0,7 км тоза карда шуд.

    Ҳамчунин агрегати дуюми насоси обкашӣ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии ҷ/д Э.Шарифов ва ҷ/д А.Лоҳутӣ пурра истифода хоҳанд бурд. Рафти гузаронидани аксия таввасути ТВ маҳалли ва садо инъикос карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.