Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Спитамен

    Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани  30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳтар намудани вазъи муҳити зист дар ноҳияи Спитамен як қатор корҳои ободонию созандагӣ  идома дорад. Дирӯз бо иштироки раиси ноҳия А.Сулаймонзода ва намояндагони дигар сохторҳои мақомоти махаллии ноҳия дар шоҳроҳи Хуҷанд – Душанбе чамоати деҳоти Т.Улҷабоев дарахтони ороишию ҳамешасабз, арча, 8 ҳазор дона гули лола шинонида шуд. Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен аз ҳисоби бахш 1,5 ҳазор адад дарахтони сада харидорӣ карда шуда, ба  ҷамоати деҳоти Хаштяк, деҳаи навбунёди Навандарсой тақсим карда шудааст.

Шанбегӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд

    Бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон рузи шанбе санаи 11 январ дар боғи фарҳангӣ фароғатии шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт шанбегӣ гузаронида шуд. Дар он беш аз 400 нафар намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо  иштирок намуда, 5 тонна партов бароварда шуд ва 40 бех дарахтони санавбар шинонида шуд.

Амалиёти фаврӣ дар н.Б.Ғафуров

    Аз тарафи кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсат ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ дар н.Б.Ғафуров ошкор гардид, ки Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Чаҳондор» партовобхои хосилшударо  (канализация ) ба сойи Хоҷабақирғон партофта,  манбаи обро ифлос мекард. Нисбати директори ҶДММ «Ҷаҳондор» протоколи ҳуқуқвайронкунии маъ-мурӣ бо моддаи 177 тартиб дода шуда,  барои ҳисоб кардани зарар намунаи об гирифта шуд.

Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Шаҳристон

    Баҳри иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  №2/12-05-2279 аз 26 декабри соли 2019, иҷрои нақшаи корӣ, оид ба пешгирӣ намудани фавти ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ ва талаф наёфтани онҳо аз сардиҳои зимистони соли 2020 дар ҳудуди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Шаҳристон, гардишгоҳи №8-и мавзеъи Кемқул-сой аз тарафи кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ҳафтаи охир корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин минтақа ба миқдори 100 кг ҷуворимакка, 100 кг резаи гандум, 50 кг лаблабу, 50 кг себ, 150 кг меваи дарахти булут, 340 кг хошоки дағал паҳн карда шуд.  Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар дигар минтақаҳои баландкӯҳ пешбинӣ гардидааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.